Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти равуо ба Узбакистон



Саидқосими Қиёмпур

Марзбонони узбак ҳар дафъаи убур шиносномаҳои тоҷикиро муҳр мезананд.

Ба навиштаи Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон, ҳар боре, ки сокинони Тоҷикистон аз марзи кишвари ҳамсояи Узбакистон убур мекунанд, марзбонони узбак худсарона ба шиносномаҳои онҳо муҳр мегузоранд. Ҳарчанд тибқи созишномаи байнидавлатӣ, мардуми мавзеъҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон метавонанд бидуни раводид ба давлати ҳамсоя сафар кунанд ва тули се руз он ҷо бимонанд.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, фақат дар ноҳияи Конибодом аз оғози сол беш аз 1500 шиноснома иваз гардид. Хабарнигори маҳаллӣ Музаффар Юнусов ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, сокинони аксар манотиқи марзии шимоли Тоҷикистон чунин мушкил доранд ва марзбонони узбак ҳатто руи акси онҳо дар шиносномаҳояшон муҳр гузоштаанд.

Музаффар Юнусов меафзояд: " Имруз натанҳо дар минтақаи марзии Конибодом, балки дар дигар манотиқи сарҳадии вилояти Суғд, дар ноҳияи Нов, минтақаи Ойбек, минтақаи Панҷакент, дар он ҷое ки гузаргоҳҳои марзӣ мавҷуданд, дар он ҷоҳо ба шиносномаҳои тоҷикӣ муҳр мегузоранд. Ин мушкил ба дараҷаест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбуранд сари ҳар чанд вақт шиносномаҳои худро иваз кунанд. Яъне дар ин шиносномаҳо ҷое боқӣ намондааст, ки ба он муҳр гузоранд.Ҳодисаҳое низ ҳаст, ки дар ҷои ному насаб ва қайдҳои махсус ҳам муҳр задаанд."

Музаффар Юнусов афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаҳои нав бояд ҳар дафъа 20 сомонӣ, муодил ба шаш доллари амрикоӣ, пардохт намоянд, ки барои мардуми минтақа маблағи бузургест.

Аслан гузаргоҳҳои марзӣ барои сарҳадбонҳои узбак ба макони даромад табдил ёфтаанд. Онҳо ҳамаруза аз даҳҳо сокини Тоҷикистон барои шиносномаҳои пур аз муҳр ва фарсудагашта ҷарима меситонанд.

Мақомоти Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки вақтҳои ахир марзбонони узбак бо далелҳои ночиз шиносномаҳои тоҷикиро гирифта, ба соҳибонашон ва ё ба идорам милисаи ноҳияи ҳамсоя барнамегардонанд ва ин хилофи созишномаи байниҳукуматист.

Дар гузориши худ Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон аз сарнавишти талхи мардикори тоҷик Ихтиёр Акрамов ёдовар шудаст. У баъди пайдо накардани кор дар Русия пиёда суи зодгоҳаш роҳ гирифт. Баъди се моҳ Ихтиёр дар канори шаҳри Қуқанди Узбакистон аз суи милисаҳои узбак боздошт шуд. Кормандони милиса баъди тафтиши шиносномаи у гуфтанд, ки онро фақат баъди пардохти 500 рубли русӣ бармегардонанд. Ихтиёр бо пайраҳаҳои куҳӣ ба зодгоҳаш баргаштанӣ шуд ва ва аммо ҳангоми убури марз ба мина бархурд ва ҷароҳат бардошт.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, акнун Ихтиёр Акрамов ҳамчун шахси маъюб метавонад бидуни пардохти маблағ соҳиби шиносномаи нави тоҷикӣ гардад.

Марзи Тоҷикистону Узбакистон соли 1998 баъди ошуби полковник Маҳмуд Худойбердиев баста шуд. Соли 1999 ба думболи чанд инфиҷор дар маркази Тошканд байни Тоҷикистону Узбакистон режими раводид ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG