Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи як итолиёӣ дар Душанбе оғоз шуд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Мурофиаи парвандаи ҷиноии шаҳрванди Итолиё Иво Тонют дар додгоҳи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе оғоз шуд. Иво Тонют аз ҷониби додситонии нақлиёт ба ҷурми истифодаи номашруъи амволи имдодӣ барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва тақаллуби асноди молӣ муттаҳам дониста мешавад.

Иво Тонют шаҳрванди Итолиё, ки дар замони оғози амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ба ҳайси хабарнигор вазифа анҷом медод, соли гузашта созмони хайрияеро таҳти номи "Душанбе Луҷистик" дар Тоҷикистон таъсис дод ва дар маросими муаррифии созмонаш эълон дошт, ки ҳадафи муассисааш ироаи кумакҳои башардустона ба Афғонистон мебошад. Тайи замони фаъолияташ вай бо ниҳодҳои мухталифи имдодӣ, минҷумла бо вазорати умури изтирории Тоҷикистон ҳамкорӣ намуд.

Фаъолияти вай ба назари ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон машкук намуд. Ниҳоятан идороти музкур уро бо теъдоде аз ҳамдастонаш аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва додситонии наклиёт алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Ба гуфтаи манобеъи додситонӣ, ин нахустин парвандаи шаҳрванди хориҷист, ки бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи қобили эътимод иттилоъ доданд, ки фаъолияти вазорати умури изтирории Тоҷикистонро комиссияи вижаи ҳукумат ба баррасӣ гирифтааст ва комиссияи дигаре фаъолиятҳои имдодии созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистонро тафтиш менамояд.

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо.



XS
SM
MD
LG