Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Эрон қарордод имзо карданд



Раҳматкарими Давлат



Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати ҳамкорӣ дар идомаи сохтмони тунели Анзоб як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Тибқи ин санад ҷониби Эрон дар ихтиёри Тоҷикистон кумаки молии 5 миллиондолларӣ қарор хоҳад дод. Гузашта аз ин тавофуқ шудааст, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони тунели Анзоб кумаки техникӣ кунанд.

Зимни сафари як ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон ба Эрон инчунин як созишномаи дигар дар бораи ба Тоҷикистон додани як эътибори 25 миллиондоларӣ низ ба имзо расидааст.

Ҳаким Солиев, вазири тиҷорати Тоҷикистон зимни таъкид бар аҳамияти сохтмони тунели Анзоб гуфтааст, роҳ афтодани ин тунел имкон медиҳад, ки транзити молу ашё аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ин роҳ ба Афғонистон, Эрон ва Покистон ба роҳ монда шавад. Вазири иқтисод ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ба густариш додани муносибот бо Эрон манфиатдор аст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG