Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмонов қочоқи маводи мухаддирро хатар ба амнияти миллии Тоҷикистон медонад



Абдуқайюми Қайюмзод

Раиси ҷумҳур мегуяд, бо вуҷуди амалиёти зиддитерористӣ гуруҳҳои қочоқбар тавонистаанд, шабакаҳояшонро дар Афғонистон ҳифз кунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори ҳамкории кишварҳои аврупоӣ дар амри таъсиси Эътилофи байналмилалии зидди маводи мухаддир шуд. Эмомалӣ Раҳмонов, рузи душанбе, 19 апрел ҳангоми суҳбат бо намояндагони расмии хадамоти марзбониву кормандони пулиси кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиши кишт ва қочоқи маводи мухаддирро яке аз хатароти умда дар амнияти миллии кишвараш арзёбӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори таассуф кардааст, ки гуруҳҳои мафиозии машғули тавлид ва тиҷорати ғайриқонуниимаводи мухаддир тавонистаанд, шабакаҳои худро дар Афғонистон то кунун ҳифз кунанд ва фаъол нигаҳ доранд.

Пол Капин - намояндаи хадамоти марзбонии Олмон ва роҳбари ҳайати мазкур дар фароварди суҳбат бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслии сафари мо ошноии наздик ба масири қочоқи маводи мухаддир ва таҳияи барномаҳои муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши он мебошад.

Ҷаноби Капин афзуд, таҳдиди маводи мухаддир камтар аз таҳдиди терроризм нест ва табиист, ки Тоҷикистон тавони дар танҳоӣ муқовимат кардан бо онро надорад: "Мо аз манотиқи куҳистонии марзи Тоҷикистону Афғонистон дидан кардем. Бо шароити душвори марзбонон дар минтақаи марзии Панҷ ошно шудем. Ва дар чунин шароит барои муҳофизати марз мо бояд ба Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак кунем. Ва мо бовар дорем, ки дар ин замина ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ба роҳ андохта мешавад."

Ҷаноби Капин ҳамчунин гуфт, пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Эътилофи байналмилалии зидди маводи мухаддир қобили дастгирӣ аст. Зеро, гуфт вай ҷилавгирӣ аз ворид шудани маводи мухаддир таввасути марзи Тоҷикистон назар ба мубориза кардан бо маводи мухаддир дар дохили кишварҳоямон осонтар ва арзонтар хоҳад буд.

Намояндагони расмии хадамоти марзбониву кормандони пулиси кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин бо ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва Гуруҳи марзбонии Русия мулоқотҳо анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG