Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутолиаи Тоҷикистон Таймс манъ шуд



Раҳматкарими Давлат



Ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон сайти Тоҷикистон Таймсро қатъ кардаанд. Масъулини аксари ширкатҳои ироакунандаи интернет аз баёни ҷузъиёти ин иқдом худдорӣ мекунанд, аммо Зайниддин Шарипов як корманди ширкати Интерком дар ин бара гуфт: "Бале, ин саҳифаи интернетӣ вуҷуд дошт ва мо дастрасӣ ба онро қатъ кардем, зеро дар он баъзе иттиллооти нодуруст ҷой дода шуда буд. Аз ин ру мо онро масдуд кардем."

Аммо масъули як ширкати дигари интернетӣ, ки нахост номаш бурда шавад гуфт: "Намедонам шумо талош кунед, ин саҳифаро руи компютератон боз кунед, агар ба кушодани он муваффақ нашудед, пас мо онро бастаем, ман чизе бештар аз ин гуфта наметавонам."

Саҳифаи интернетии Тоҷикистон Таймс дар моҳи март аз ҷониби рузноманигори тоҷик Додоҷони Атовулло, ки дар ҳиҷрат ба сар мебарад, таъсис шуда буд ва дар ин нашрияи интернетӣ шумораҳои комили рузномаи Чароғи Руз низ ҷой дода шудааст.

Ба назари бархе аз таҳлилгарон ҷой доштани матолиби интиқодӣ нисбати хукумат дар ин сайти интернетӣ ва саҳифаҳои Чароғи Руз боиси баста шудани ин сайт дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин нашрияи интернетӣ инчунин маводи мухолифи ислоҳоти Қонуни Асосӣ низ мунташир мегардад.

XS
SM
MD
LG