Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Австрия созишнома имзо мекунанд



Раҳматкарими Давлат

Ҷониби Австрия омодагии худро барои кумаки техникӣ ба вазорати дохилаи Тоҷикистон баён доштааст.

Вазирони умури дохилаи Тоҷикистон ва Австрия зимни як мулоқот дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Эрнст Штрасер - вазири дохилаи Австрия ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо Тоҷикистонро ба далели марзи тулонии муштарак доштани ин кишвар бо Афгонистон, муҳим арзёбӣ намудаст. Ҷониби Австрия омодагии худро барои кумаки техникӣ ба кормандони идораи мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи Тоҷикистон ва омузиш додани коршиносони тоҷик баён доштааст.

Худойназар Асозода - сухангуи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Дар самти ҷиноятҳои трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир суҳбат доир гардид. Ҷониби Австрия давъат карданд кормандони вазорати дохиларо барои омузиш дар ин кишварҳо."

Ба гуфтаи Худойназар Асозода, вазири дохилаи Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ба манзури мубориза бо маводи мухаддир беҳтар аст барномаҳои мушаххас дар дохили Афғонистон руи даст гирифта шавад. Зеро тибқи маълумотҳои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ҳосили имсолаи кукнор дар Афғонистон назар ба соли гузашта афзоиш хоҳад дошт. Ва то кунун кормандони вазорати дохила ҳудуди 2000 тона маводи мухаддир хусусан ҳероин кашф ва забт кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.

Афзоиши тавлидоти маводи мухаддир дар Афғонистон мояи нигаронӣ барои мақомоти Тоҷикистон мебошад. Зеро то кунун бахши аъзами маводи мухаддир аз ин кишвар аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар интиқол ёфтааст.

Вазирони дохилаи ду кишвар пешнависи як созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо маводи мухаддирро низ баррасӣ кардаанд, ки қарор аст дар моҳи август миёни Тоҷикистон ва Австрия ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG