Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон боз як соли дигар фаъолият хоҳад кард



Тоҳири Сафар

Кофӣ Анон нақши ин намояндагии Созмони Милалро дар Тоҷикистон муҳим ва мусбат хондааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Анон, 14 апрел бо судури як қарор фаъолияти Дафтари мусоидат ба сулҳи тоҷикони Созмони Милалро то як соли дигар дароз кард.

Кофӣ Анон нақши Дафтари мусоидат ба сулҳро дар Тоҷикистон мусбат ва муҳим хонда гуфтааст, сабаби тамдиди фаъолияти ин намояндагии Созмони Милал дар Душанбе мусоидат ба талошҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи баъдиҷангӣ мебошад.

Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, соли 2000-ум дар заминаи Бюрои нозирони ин созмон дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар номааш ба Шурои Амният навиштааст, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистон дар самти эҳёи баъдиҷангӣ ва таъмини амният то ҳол мушкилоти зиёди боқимонда аз ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ гиребонгири Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи вай, бекорӣ миёни размандагони неруҳои собиқи мухолифин, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳаи ғайриқонунӣ ва зуҳури аҳзоби тундгаро чун Ҳизб-ут-таҳрир аз унсурҳоест, ки имкон намедиҳанд, суботи комил дар ин кишвар таъмин шавад.

Кофӣ Анон изофа мекунад, ки ҳадафи тамдиди фаъолияти Дафтари мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон, кумак намудан ба ҳукумати ин кишвар дар бартарафсозии ин мушкилот аст.

Дар номаи Кофӣ Анон ба Шурои Амният омадааст, соли гузашта Дафтари мазкур дар ҷараёни мусолиҳаи миллӣ ва таъмини субот дар Тоҷикистон фаъолона мусоидат кард. Маҳфили баҳсҳои сиёсии ин созмон, ки дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуданд, ба гуфтаи Кофӣ Анон ҳамчун катализатори мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон хидмат намуданд.

Дафтари мусоидат ба сулҳ ҳамчунин бо ҳукумат ва неруҳои собиқи мухолифин робитаҳои зичи худро нигаҳ дошт ва кумак кард, то авзои сиёсии ҳануз ҳам номуътадили кишвар дучори хатар нашавад. Дар ин сол бо мадади ин намояндагии Созмони Милал 270 размандаи бекори неруҳои собиқи мухолифин ва сарбозони хориҷшудаи артиш ҳунар омухта, 215 нафари онҳо соҳиби кор низ шуданд.

Дар самти ҳифзи тартибот ва таҳкими сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ Дафтари мусоидат ба сулҳ дар вазорати умури дохила як ташхисгоҳи муҷаҳҳази пажуҳиши ҷиноӣ таъсис дод. Ҳамчунин курсҳои омузишӣ барои кормандони вазоратҳои интизомӣ, додгоҳу додситониҳо гузаронида шуд.

Соли гузашта Дабири кулли Созмони Милал фаъолияти Дафтари сулҳро дар шаҳри Душанбе барои як сол тамдид намуда буд ва соли 2002 ба ҷои Иво Петров раҳбари ин дафтар, дипломати дигари булғориягӣ Владимир Сотировро ба ҷои у таъйин кард.

Соли гузашта, мегуяд Кофӣ Анон, Дафтари мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистон чун пештара ба ҷараёни таҳкими сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ, таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар ва мустаҳкам намудани институтҳои демократӣ тавваҷуҳ кард.

Владимир Сотиров - раҳбари дафтари таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон рузи панҷшанбе, 15 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, соли равон ва оянда низ дафтари мазкур дар ҳамин чаҳор самт фаъолият мекунад. Вай афзуд: "Мо дар самти таҳкими сулҳ, амният, субот, ҳифзи тартибот ва ҳаракат ба суи ҷамъияти демократӣ дар Тоҷикистон фаъолона мусоидат мекунем. Ба ҷамъияте, ки дар он қонун ҳоким бошад ва ҳуқуқи инсон ҳимоя шавад.

Дар ин сол ба гуфтаи Владимир Сотиров оид ба фаъолияти парлумон ва дар мавриди омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2005 семинарҳои омузиши ташкил карда мешаванд. Дар самти таъмини тартибот дар Тоҷикистон Дафтари мусоидат ба сулҳ тасмим гирифтааст барои вазорати дохила боз се ташхисгоҳи пажуҳиши ҷиноӣ ташкил намояд. Дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва ташшакули ҷомеаҳои демократӣ низ ба гуфтаи Владимир Сотиров чанд барнома раҳандозӣ мешавад. Дар маҷмуъ, мегуяд Владимир Сотиров тамдиди фаъолияти дафтари Созмони Милалро як қадами муҳим дар самти таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG