Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти дафтари СММ идома мекунад



Тоҳири Сафар



Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Анон рузи чоршанбе, 14 апрел бо судури як қарор фаъолияти Дафтари мусоидат ба сулҳ дар Тоҷикистонро то як соли дигар дароз кард.

Кофӣ Анон нақши Дафтари мусоидат ба сулҳро дар Тоҷикистон мусбат ва муҳим хонда гуфтааст, сабаби тамдиди фаъолияти ин намояндагии Созмони Милал дар Душанбе мусоидат ба талошҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи баъдиҷангӣ мебошад.

Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид пас аз хатми ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, соли 2000-ум дар заминаи Бюрои нозирони ин созмон дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.

XS
SM
MD
LG