Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандагони тоҷик ва ришвахории нозирони роҳ



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ноогоҳии ронандагон аз ҳаққу ҳуқуқашон барои тамаъҷуӣ ва ришвахории нозирони роҳ замина мегузорад.

Соли гузашта, мегуяд масъули Идораи бозрасии автомобилии Тоҷикистон дар кишвар 900 ҳазор ҳодисоти вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат аз суи ронандагон сабт гардидааст. Аммо дар тамоми ин сол танҳо теъдоди ночизи ихтилофоти миёни ронанда ва масъулони бозрасии автомобилӣ аз суи ин ниҳод баррасӣ шудааст ва ҳеҷ як аз ронандагон барои дифоъи ҳуқуқаш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масалан додгоҳ муроҷиат накардааст.

Мудири шуъбаи маъмурии бозрасии давлатии автомобилӣ Бобоҷон Қурбонов мегуяд, танҳо 2-3 ҳодисаи шикоят намудани ронандагон аз руи масъулони ин идора дар судҳои рафиқона баррасӣ шудааст ва ба ашхосе, ки аз руяшон шикоят расида буд, огоҳӣ дода шуд.

Вай меафзояд: "Соли гузашта як-ду ҳодисаи нодуруст гирифтани шаҳодатномаҳо ба қайд гирифта шуда буд, ки дар нисбати бозрасони идора чораҳо андешида шуданд."

Аммо ба гуфтаи коршиносон мавзуи равобити ҳуқуқии миёни ронандагон ва масъулони бозрасии автомобилӣ аз масоилест, ки бештар марбут ба огоҳии ҳуқуқии худи ронандагон бастагӣ дорад.

Аксари ронандагон бо вуҷуде ки қоидаҳои роҳро медонанд, вале дар мавриди ин ки ҷазоҳо барои вайрон кардани қоидаҳои роҳро кадом қонун таъйин мекунад ва барои кадом навъи нақзи қоида, қонун чӣ ҷазоро пешбинӣ мекунад, огоҳӣ надоранд ва дар чунин ҳолат маъмулан навъи ҷазоро нозири роҳ интихоб мекунад. Яке аз ронандагони микроавтобус дар ин бора мегуяд: "Ҳамаи қонуна не, баъзе ҷоҳоша медонем. Масалан агар нодуруст ягон ҷо истӣ ҷазо медиҳанд. Ҳангоми гузаштани роҳгузарон наистӣ, ҷазо медиҳанд."

Аммо Бобоҷон Қурбонов мегуяд, дар Қонуни ҷазои кишвар ба сурати мушаххас анвоъи ҷазо барои ҳар як навъи нақзи қоида пешбинӣ шудааст ва як нашрияи кучакро, ки иборат аз моддаҳои марбут ба қоидаҳои роҳ аз Қонуни ҷазо мураттаб шудааст, ба даст мегирад ва мехонад: "Мувофиқи моддаи 21-и қисми 121 барои суръати муқаррашударо риоя накардани ронандаҳо, итоат накардан ба қоидаҳои танзими ҳаракат, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартарӣ дошта ва ғайра ҷазо муқарар шудааст"

Ман аз ҷаноби Бобоҷонов мепурсам, оё имкон надорад, ки ин нашрияи кучакро чоп кард ва дар дастрасии ронандагон қарор дод? Вай ҷавобам медиҳад, ки Қонуни ҷазо дар матбуот чоп шудааст ва ҳар ронандае бихоҳад онро пайдо карда метавонад.

Ва аммо бисёре аз ронандагон ҳатто агар ҳуқуқашонро бидонанд, намехоҳанд бо нозирони роҳ вориди баҳс шаванд ва бо вай роҳи расидан ба мувофиқаро интихоб мекунанд. Онҳо мегуянд, баҳс кардан бо нозири роҳ фоида надорад, зеро ҳеҷ идорае ба дода намерасад. Онҳое, ки чунин андеша доштанд, ҳатто ҳозир намешуданд, садояшон сабт шавад ва мегуфтанд, намехоҳем равобити мо бо нозирони роҳ бад гардад, ва аз манбаи даромади худ, ки ҳамин ронандагист маҳрум шавем.

Аммо як ронанда бо вуҷуде хоҳиш кард, номаш зикр нагардад, хост садои шикояташ интишор шавад: "Ман аз гаишникҳо аз чӣ норозиам. Ба истгоҳҳои охири роҳ меоянд, мошинҳои моро, ки хусусӣ аст, навбатдорӣ гуфта гирифта мебаранд. Мо ба давлат патент месупорем, андоз месупорем, ба диспетчерҳо пул месупорем. Ғайри ин боз мебаранд, навбатдорӣ меган, аз шаб то саҳара мошинҳои моро дар шуъбаҳои корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Марказӣ ва Фрунзе истифода мекунанд."

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ноогоҳии ронандагон аз ҳақу ҳуқуқашон метавонад, заминаро барои тамаъҷуӣ ва ришвахории нозирони роҳ боис шавад, аммо сухангуи Идораи бозрасии автомобилӣ Ҳабибулло Муруваттов мегуяд, бо вуҷуде маоши миёнаи кормандони идораи бозрасии автомобилӣ дар ҳудуди 34 сомонӣ аст, дар ин соҳа ришвахорӣ вуҷуд надорад ва овозаҳо дар мавриди ин ки гуё нозирон аз ронандагон ришва меситонанд, бе асосанд. Ҳар ронандае ё шахсе нозирони роҳро ба ришвахорӣ муттаҳам мекунад, бояд дар назди додгоҳ собит кунад, ки масалан ба нозири роҳи нишони сарисинагиаш фалон, фалон қадар пул додааст ва илло ҳамаи овозаҳо дар мавриди ришвахории нозирон далели ҳуқуқӣ надорад. Аммо ронандагон, ки ҳар лаҳзаи вақташон бо пул андозагирӣ мешавад, намехоҳанд вақти худро сарфи ҳалли ихтилоф бо нозирони роҳ ва рафту омад ба додгоҳ кунанд, зеро ба ин ки додгоҳ ҳуқуқашонро ҳимоя хоҳад кард, тақрибан эътимод надоранд.

XS
SM
MD
LG