Пайвандҳои дастрасӣ

Заминҳои Тоҷикистон беҳосил мешаванд



Раҳматкарими Давлат



Олимон ва коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 14 май зимни баргузории як нишасти тахассусӣ масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обӣ ва роҳҳои рафъи мушкилоти мавҷуд дар ин заминаро баррасӣ намуданд.

Ба гуфтаи мутахассисон ва масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ин авохир кишоварзон ба ду мушкили умда дар навоҳии мухталифи кишвар рубару шудаанд. Яке камбуди об барои шодобгардонии киштзорҳои зироат ва дигаре ботлоқшаваии заминҳо, ки бар асари руй задани обҳои зиризаминӣ иттифоқ меафтад.

Ғолиб Тағоймуродов - сардори раёсати истифодабарии замини вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегуяд, ба асари руй задани обҳои зеризаминӣ ҳазорон гектар замин беҳосил шудааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG