Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва ширкати Газпроми Русия созишнома имзо мекунанд



Тоҳири Сафар

Тибқи ин созишнома Газпром ҳаққи кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистонро ба даст меорад.

Раиси ширкати саҳҳомии "Газпром"-и Русия Алексей Миллер, 15 май бо ҳадафи баррасии ҳамкориҳои миёни ин ширкат ва вазорати энержии Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Дар ҷараёни ин сафар Алексей Миллер бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, нахуствазир Оқил Оқилов мулоқот мекунад ва бо вазорати энергетика созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Тоҷикистону Русияро ба имзо мерасонад.

Сафари Алексей Миллер ба шаҳри Душанбе, ки пайваста дучори буҳрони энергетикӣ мешавад, бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сурат мегирад. Ба гуфтаи коршиносон дар сурати мушорикати Газпром дар ҳалли буҳрони энергетикии Тоҷикистон иқтисоди ин кишвар метавонад ба зудӣ рушд намояд, ба он далел ки Газпром дар ҷаҳон бузургтарин монополисти газ аст ва дар танзими захоири энергетикии минтақаи Осиёи Миёна даст дорад.

Як манбаъ дар вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар созишномае, ки миёни ин вазорат ва Газпром ба имзо мерасад, гуфта шудааст, ширкати Газпром дар кашфу истихроҷи нафту газ, тармими лулаҳои интиқол ва чоҳҳои куҳнаи ин анвои сузишворӣ дар Тоҷикистон ширкат мекунад.

Ҳарчанд Тоҷикистон 30 дар сади ҳаҷми умумии захираҳои ангишти Осиёи Марказиро дар худ дорад, вале чун дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ саршор аз нафту газ нест. Геологҳои тоҷик мегуянд, дар зери замини ин кишвар ҳудуди 1 триллиону 300 миллион тонна газ ва 400 миллион тонна нафт хобидааст. Аммо феълан Ширкати нафти тоҷик қодир ба истихроҷи он қадар нафту газе ҳаст, ки танҳо чанд шаҳру маҳҳалаҳои кишварро таъмин мекунаду, халос. Ин ширкат соли гузашта фақат 32, 6 миллион кубометр газ ва 16 ҳазор тонна нефт истихроҷ кардааст.

Бинобар норасоии сузишвории худӣ, Тоҷикистон ҳамасола аз Узбакистон ҳудуди 500 миллион метри мукааб газ мехарад ва қатъи гоҳ-гоҳи ҷараёни ин газ иқтисоди Тоҷикистонро ба мушкилоти фаровон ру ба ру месозад.

Мутахассисон мегуянд, ҳарчанд истихроҷи захираҳои нафту гази Тоҷикистон то як замони муайян метавонанд ниёзмандиҳои кишварро бароварда созанд, аммо масрафоти корҳои истихроҷи сузишворие, ки дар чуқурии аз 6 то 8 километр ҷойгир аст, хеле зиёд хоҳад буд, ва ин барои Газпром аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид нест.

Як манбаъ дар вазорати энергетикаи Тоҷикистон низ бо ишора ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон мехоҳад Газпром аслан захираҳои бузургро истихроҷ намояд, аммо маълум нест, ки ширкати русӣ ин пешниҳодро мепазирад ё не. Ба гуфтаи вай захираҳои бузург дар чуқурии аз 6 то 7 километр ҷойгиранд ва барои буридани як чоҳ беш аз 20 миллион доллар зарур аст. Ҳамсуҳбати мо дар вазорати энергетика ҳамчунин гуфт, кишвараш мехоҳад, гази Русияро бихарад, аммо ҷумҳурии Узбакистон, ки гази худро ба Тоҷикистон мефурушад, иҷоза намедиҳад, то гази Туркманистону Русия таввасути лулаҳояш ба Тоҷикистон гузарад.

XS
SM
MD
LG