Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви молиёт 1 милён доллар натиҷа додааст



Мирзои Салимпур



Абдуғаффор Қурбонов, масъули дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегуяд, дар зарфи ду моҳи гузашта аз нашри фармони раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қонунӣ гардонидани даромадҳои аз роҳҳои ғайримашруъ ба даст овардаи аҳолӣ танҳо ҳудуди 1 милён доллар ба даст омадааст.

Оқои Қурбонов гуфт: "Аз рузи ба ҳукми қонун даромадани давраи қонунигардонии маблағҳои пулӣ то ба имруз ба маблағи 3 милёну 179 ҳазор сомонӣ, ки баробар аст қариб ба 1 милён доллар, маблағҳо ворид шудаанд. Ин маблағҳо ҳам бо пули миллӣ, ҳам бо асъори хориҷӣ, ҳам аз тариқи табдил, нақдиву ғайринақдӣ ворид шудаанд."

Татяна Маракушина, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, интизороти онҳо аз ду ҳафтаи боқимонда то поёни ин маърака хеле бештар аз он давраест, ки аллакай сипарӣ шудааст. Хонум Маракушина бар пояи таҷрибаи ҳосилкардаи кишварҳои дигари шуравии собиқ мегуяд, мардум умдатан дар охирин рузҳои ин маърака дар мавриди ошкор кардани даромадҳои худ фаъолияти зиёдтар зоҳир мекунанд.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG