Пайвандҳои дастрасӣ

Афви молиёт то ҳол танҳо ҳудуди 1 милён доллар натиҷа додааст



Мирзои Салимпур

Аммо мақомот мегуянд, умеди онҳо аз ҳафтаҳои боқимонда хеле бештар аз ду моҳи сипаршуда аст.

Дар моҳи марти соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳҳои ғайримашруъ ба даст овардаи аҳолӣ фармонеро нашр кард, ки инак то поёни замони эътибори он каме беш аз ду ҳафтаи дигар боқӣ мемонад. Ҳадаф аз ин маъракаи афви молиёт ҷалби маблағҳои бештар аз ҳисоби сармоягузорони дохилӣ ба иқтисоди фалаҷи Тоҷикистон гуфта мешуд.

Аммо Абдуғаффор Қурбонов, масъули дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегуяд, то ҳол тавассути ин маърака танҳо ҳудуди 1 милён доллар ба даст омадааст: "Аз рузи ба ҳукми қонун даромадани давраи қонунигардонии маблағҳои пулӣ то ба имруз ба маблағи 3 милёну 179 ҳазор сомонӣ, ки баробар аст қариб ба 1 милён доллар, маблағҳо ворид шудаанд. Ин маблағҳо ҳам бо пули миллӣ, ҳам бо асъори хориҷӣ, ҳам аз тариқи табдил, нақдиву ғайринақдӣ ворид шудаанд."

Мунир Калимуллоев, устоди улуми иқтисод дар Донишгоҳи Славянии Душанбе дар шарҳи чунин нокомии давлат мегуяд, мақомоти масъул ҷиҳати таблиғи ин маърака ва ба вижа дар байни он мардуми соҳибкоре, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, тадобири лозимро саривақт анҷом надоданд ва ҳам Тоҷикистон дар масъалаи авфи молиёт дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо дертар кардаааст. Вале ба ақидаи у дар сурати дуруст ба роҳ гузоштани ин маърака ҳукумат метавонист ба ҷалби тақрибан 1 миллиард доллар сармояҳои бозори сиёҳи ин кишвар муваффақ шавад.

Оқои Калимуллоев мегуяд: " Шояд бошад наздики 1 миллиард доллар. Шояд, лекин аниқ касе ҳисоб накардааст ва намедонад ҳам. Агар ба назар гирем ҳамон маблағҳои пештар номбаршударо, шояд ҳатто аз 1 миллиард ҳам зиёдтар бошад. Ин агар дар ҳақиқат барои беҳбуди иқтисод сафарбар шавад ва ба иқтисоди миллӣ сармоягузорӣ карда шавад, кумаки хубе расонида метавонад ба иқтисодиёт."

Аммо ин коршинос меафзояд, хатаре низ ҳаст, ки тоҷирони аслии маводи мухаддир ва онҳое, ки аз роҳи тороҷи молу мулки давлат соҳиби сармояҳои бузург шудаанд, метавонанд дар либоси афви эъломшуда даромади аз ин роҳҳои ғайримашруъ ба даст овардаи худро низ машруъият диҳанд.

Мунир Калимуллоев: " Чуноне ки мебинему мешунавем, сарчашмаи пайдоиши ин даромадҳо санҷида намешавад. Касе кафолат дода метавонад, ки ин маблағҳо бо роҳи фуруши маводи мухаддир ё дигар роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст наомадаанд?"

Абдуғаффор Қурбонов мегуяд, аҳолӣ бояд дар ду ҳафтае, ки боқӣ мемонад, аз шароити пуримтиёзи афви молиёт ба таври комил истифода кунад. Оқои Қурбонов дар шарҳи ин имтиёзот ва тартиби қонунигардонии пасандозҳои аҳолӣ гуфт:

"Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро ба тариқи зайл қонунӣ гардонанд:

1.Сармоягузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии ватанӣ, аз ҷумла дар ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ.

2.Харидории амвол, аз ҷумла саҳмия ва қоғазҳои арзишноки шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.Гузоштани пули нақд бо асъори миллӣ ва ё хориҷӣ ба суратҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё интиқоли маблағҳо аз суратҳисоби бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон.

4.Соҳиб шудан ба молу мулки резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумот оид ба маблағҳои қонунигардонидашуда ва соҳибони онҳо махфӣ мебошад. Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, афв шуда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд. Маблағҳои мутобиқи қонуни мазкур қонунигардонидашуда ба даромади воҷиби андоз дохил намешаванд."

Татяна Маракушина, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, интизороти онҳо аз ду ҳафтаи боқимонда то поёни ин маърака хеле бештар аз он давраест, ки алакай сипарӣ шудааст. Хонум Маракушина бар пояи таҷрибаи ҳосилкардаи кишварҳои дигари шуравии собиқ мегуяд, мардум умдатан дар охирин рузҳои ин маърака дар мавриди ошкор кардани даромадҳои худ фаъолияти зиёдтар зоҳир мекунанд.

Аммо ҷамъ шудани танҳо 1 милён доллар дар зарфи ду моҳи гузашта аз оғози маърака хушбиниҳои қаблӣ дар робита ба афви пасандозҳо дар Тоҷикистонро бо муҳтотияти ба маротиб бештар иваз кардааст.

XS
SM
MD
LG