Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Тоҷикистон дар 14 сол 1,5 милён нафар афзудааст



Мирзонабии Холиқзод

Тибқи омор, шумори мардон дар ин давра нисбат ба занон зиёдтар шудааст.



Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон барои дақиқ сохтани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ як гуруҳи корӣ таъсис додааст. Гуруҳи корӣ дар зарфи як моҳ бояд шумораи муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ва кишварҳои дигар маълум намояд.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: "Аз якуми май инҷониб кормандони Кумитаи омор хона ба хона гашта ҳисоб мекунанд, ки чанд нафар аз аҳолии муқимӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо рафтаанд. Барои ҳамин мо кор бурда истодаем, то муайян намоем, ки ҷараёни мигратсияи корӣ чӣ гуна аст."

Баъд аз ин ки аз тарафи хабаргузориҳо ва манобеи мухталиф теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик 800 ҳазор ё 300 ҳазор ва ё ба теъдоди дигар нишон дода шуд, ҳукумати кишвар Кумитаи оморро муввазаф намуд, ки шумораи аслии муҳоҷирони кориро дақиқ созад.

Хабаргузориҳо бо такя ба иттиллои Кумитаи омори Тоҷикистон илова мекунанд, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон дар соли равон боло рафта ба шашуним миллион нафар расидааст.

Муовини аввали раиси Кумитаи омори Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева ин хабарро тасдиқ намуда гуфт, шумораи аҳолии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти то 1 январи соли равон ба 6 милёну 560 ҳазору 489 нафар расидааст. Бар асоси саршумори соли 1989 ин рақам 5 миллион буд. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки дар 13 соли ахир, бо вуҷуди ҷанги 5 солаи харобиовари дохилӣ ва муҳоҷирати густурдаи намояндагони миллатҳои русҳо, узбакҳо, тоторҳо, осетинҳо, украинҳо ва намояндагони дигар аққалиятҳои миллии дигар аз Тоҷикистон, аҳолии ин кишвар беш аз 1 милён нафар афзудааст.

Кумитаи омори Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бар асоси саршумории соли 1989 ва 2000 - ум теъдоди русҳо дар Тоҷикистон 82 дар сад кам шудаст, ки ҳоло русҳо 1,1 дар сади аҳолии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Дар ҳамин муддат беш аз 260 ҳазор узбек Тоҷикистонро тарк кардааст. Аммо Кумитаи омори кишвар мегуяд, то кунун кулли намояндагони миллатҳои ғайритоҷик ё аққалиятҳои миллӣ комилан аз Тоҷикистон нарафтаанд ва онҳо ҳануз ҳам ҷамъиятҳои худро ҳифз намудаанд.

Раиси бахши ба руйхатгирии аҳолии кумитаи омор Султон Ҳаитов чунин мегуяд: "Мувофиқи ҳисобҳои руйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000-ум дар Тоҷикистон зиёда аз 120 миллату қавмиятҳо зиндагӣ мекунанд. Рафтагиҳо ҳам ҳастанд, кам шудагӣ ҳаст, вале тамоман рафтагӣ нестанд"

Ба гуфтаи оқои Ҳаитов 80 дар сади аҳолии Тоҷикистонро тоҷикҳо ва 15 дар сад узбекҳо ва 5 дар сади дигаррро намояндагони русҳо гурҷиҳо куриёгиҳо ва аққаллиятҳои дигари миллӣ дар бар мегирад.

Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ теъдоди мардҳо нисбати ба занҳо мисли солҳои пешин ҳамчунон зиёд боқӣ мемонад. Султон Ҳаитов раиси бахши ба руйхатгирии аҳолии Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегуяд: "Мардҳо ба тадриҷ зиёд мешаванд, тибқи омори мо 50,1 фоизро ташкил медиҳанд, занҳо 49,9 фоизро, фарқият тақрибан 10 ҳазор аст."

Аммо манобеъи дигар мегуянд, бар асоси саршумори аҳолӣ теъдоди мардҳое, ки амалан дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, нисбати занҳо камтар аст, зеро мушкилоти иҷтимоӣ муҳоҷирати кориро афзоиш дод, ва бисёре аз мардҳо ба берун рафтанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи омор теъдоди ҷавонони аз 20 то 29 сола беш аз як милён нафар мебошад. Ва аммо дар мавриди ин ки шумораи маргу мир бештар аст ё таваллуд Кумитаи омори Тоҷикистон маълумоти дақиқ надорад. Вале дар мавриди теъдоди дарозумрҳо дар кишвар гуфта мешавад, дар баробари аҳолии 6,5 нафара ҳамагӣ 517 нафар умри бештар аз садсола доранд.

Китоби кумитаи омор дар мавриди дарозумрҳои Тоҷикистон соли 2001 ба нашр расид, вале имсол, соли 2003 Бибихол Иброҳимова сокини ноҳияи Кофарниҳон ба синни мубораки 123 қадам гузошт.

XS
SM
MD
LG