Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон як қарзашро пардохт кардааст



Мирзои Салимпур



Бино ба хабари "Интерфакс", Эдуардо Анинат, муовини мудиромили Сандуқи Байналмилалии Пул дар поёни силсиласафараш ба се кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон гуфт, Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли оянда ба рушди бештари иқтисоди миллии худ дар муқоиса бо се соли гузашта муваффақ хоҳанд шуд.

Вай афзуд, Тоҷикистон ҳамаи 31,6 милён доллар қарзи баҳсбарангезашро ба Сандуқи Байналмилалии Пул пардохт кард ва акнун ин мушкил дар роҳи равобити ин идора бо Тоҷикистон аз байн рафтааст.

Оқои Анинат гуфт, феълан Сандуқи Байналмилалии Пул мавзуъи ихтисоси қарзҳои нав ба ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Ҷумъа Эшов, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, дар соли равон рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди 6 дар сад ва сатҳи таваррум ё инфлятсия 16 фоиз пешбинӣ шудааст. Соли гузашта рушди иқтисоди Тоҷикистон 9 дарсад ва сатҳи таварруми пули сомонӣ 14,5 фоизро ташкил дода буд.

Ҷумъа Эшов мегуяд, рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон асосан аз ҳисоби афзоиши тавлидоти пахтаву алюминий ба даст хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG