Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷотбахшони рус ба Душанбе омаданд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Як гуруҳи наҷотбахшони вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия барои машқ дар шароити куҳистонӣ ба Тоҷикистон омад. Афсари вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегуяд, якуним моҳ куҳнавардон ва мутахассисони тоҷик наҷотбахшони Русияро усулҳои кор дар шароити куҳсорро омузиш медиҳанд.

Гуруҳи наҷоти Русия куҳнавардиро дар куҳҳои баландиашон то 4 ҳазор метри Тоҷикистон ва наҷоти одамон дар дарёҳои тезоби куҳистониро меомузад ва сипас як ҷо бо гуруҳҳои наҷоти Тоҷикистон машқҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG