Пайвандҳои дастрасӣ

ЕВРАЗЕС дар Созмони Милал номнавис шуд



Мирзои Салимпур



Созмони Милали Муттаҳид Ҷомеаи Ҳамкориҳои Иқтисодии АвроОсиёро ба ҳайси созмони байналмилалӣ номнавис кард. Ин созмон 5 кишвари собиқи шуравӣ бо шумули Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид карда, дар заминаи Иттиҳоди Гумрукии пешин таъсис ёфт.

Григорий Рапота - дабири кулли Ҷомеаи Ҳамкориҳои Иқтисодии АвроОсиё гуфт, акнун ин созмон бояд ба ташкили иттиҳоди гумрукӣ ва эҷоди як фазои воҳиди тиҷоратӣ дар қаламрави ҳамаи 5 кишвари узваш бипардозад.

Дар нишасти даҳ рузи пеши сарони кишварҳои узви Ҷомеаи АвроОсиё дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки ин кишварҳо бунёди ду ниругоҳи Қамбар-Атои Қирғизистон ва Сангтудаи Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG