Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди иқтисод 6 фоизро ташкил хоҳад дод



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



"Суръати тавварум ё беқурбшавии пули Тоҷикистон, яъне сомонӣ дар соли 2002 чордаҳ дар сад ва дар се моҳи аввали соли равон ба 8 дар сад расид. Беқурб шудани пул боиси боз ҳам нодортар шудани табақаи фақири мардум мешавад, ки ин мояи нигаронии мост".

Ин матлабро дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе муовини мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул Эдуардо Анинат пас аз дидору гуфтугуяш бо мақомоти Тоҷикистон изҳор дошт.

Вай афзуд: "Тибқи омори расмӣ соли гузашта суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон 9 фоизро ташкил дод, вале имсол интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон танҳо 6 фоизро дар бар бигирад."

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG