Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдуардо Анинат бо Раҳмонов мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Эдуардо Анинат - муовини мудири Сандуқи Байналмилалии Пул зуҳри рузи чоршанбе, 7 май вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии ин кишвар мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ки дар 50 километрии шимоли шаҳри Душанбе сурат гирифт ҷараёни иҷрои барномаҳои ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Сандуқи Байналмилалии Пул барасӣ шудааст.

Эдуардо Анинат баъд аз анҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт:"Ин як маъмурияти муқаррарӣ ва ҷузъи фаъолияти муназзами мост, ҳадаф аз он арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳоест, ки Сандуқи Байналмиллалии Пул ва хукумати Тоҷикистон марбут мебошад. Ва мо зимни ин мулоқот бо президент Раҳмонов натоиҷи муқаддамотии ин арзёбиҳоро баррасӣ намудем."

Муовини мудири Сандуқи Байналмилалии Пул ҷузъиёти бештари мулоқоташ бо президент Раҳмоновро ошкор накард, вале афзуд мулоқотҳои у бо мақомоти молии Тоҷикистон ду рузи дигар низ идома хоҳад дошт ва натиҷаи ин мулоқотҳоро дар фарҷоми сафар бо Эмомалӣ Раҳмонов мавриди гуфтугу қарор хоҳад дод.

Эдуардо Анинат шоми рузи чоршанбе ҳамчунин бо намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва намояндагони созмонҳои молии ғайридавлатӣ низ мулоқот анҷом дод.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар иҷрои чанд барномаи ислоҳоти иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла барномаи фақрзудоӣ, барномаи ислоҳоти сохтории ҳукумати иҷроия ва ислоҳоти низоми бонкӣ дар ин кишвар ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG