Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Ватан ба кор оғоз кард



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Субҳи чоршанбеи 7 май, пас аз ду ҳафтаи пахши озмоишии оҳангу мусиқӣ нахустин бор дар мавҷи ҒМ, дар Душанбе барномаи зиндаи ахбори радиои ҷадиди "ВАТАН" пахш гардид. Далер Амонов - сарвари радиои ВАТАН мегуяд, пахши ахбори зинда дар рузи таъсисёбии радио рамзист.

Барномаҳои радиои ВАТАН бо ретранслатори иқтидораш 300 киловатт дар пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи он пахш мегардад. Далер Амонов мегуяд, барномаҳои радиои ВАТАН дар оянда фарогир мегарданд. Радиои Ватан метавонад дар навоҳии наздимарзӣ бо Узбакистон дар мавзеъи ҷануби Хатлону Регар, ки радиостансияҳои Узбакистон фаъолтар шудаанд, халои иттилоотиро ба забони тоҷикӣ пур намояд. Ин дар ҳолест, ки радиоҳои Тоҷикистон имкони дар рақобат қарор доштан бо радиостансияҳои Тошкандиро надоранд.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG