Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои "Ватан" дар фазои Душанбе танин андохт



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Пас аз ду ҳафтаи пахши озмоишӣ Радиои Ватан расман ба фаъолият шуруъ кард.

Субҳи чоршанбеи 7 май, пас аз ду ҳафтаи пахши озмоишии оҳангу мусиқӣ нахустин бор дар мавҷи ҒМ, дар Душанбе барномаи зиндаи ахбори радиои ҷадиди "ВАТАН" пахш гардид. Далер Амонов - сарвари радиои ВАТАН мегуяд, пахши ахбори зинда дар рузи таъсисёбии радио рамзист.

Барномаҳои радиои ВАТАН бо ретранслатори иқтидораш 300 киловатт дар пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи он пахш мегардад. Далер Амонов мегуяд, барномаҳои радиои ВАТАН дар оянда фарогир мегарданд. Радиои Ватан метавонад дар навоҳии наздимарзӣ бо Узбакистон дар мавзеъи ҷануби Хатлону Регар, ки радиостансияҳои Узбакистон фаъолтар шудаанд, халои иттилоотиро ба забони тоҷикӣ пур намояд. Ин дар ҳолест, ки радиоҳои Тоҷикистон имкони дар рақобат қарор доштан бо радиостансияҳои Тошкандиро надоранд. Зеро дар ин мавзеъ дастгоҳҳои мавҷгири радиои Точикистон нест.

Далер Амонов мегуяд: "Узбакистон, ки ҷумҳурии калон аст ва васоити ахбори умуми зиёд дорад ва онҳо чанд сол боз идеологияи худро бо истифода радиоҳо дар Тоҷикистон пахш мекунанд. Он шаҳрвандоне, ки дар манотиқи марзии кишвар зиндагӣ доранд, мехоҳанд бо телевизионе ё радиоеро бо забони тоҷикӣ тамошо ва гуш кунанд, аз ин ру ин проблемаи хеле ҷиддӣ аст."

Шарифи Ҳамдампур - журналисти тоҷик, ки сардабирии 4 газетаро бар душ дорад, низ бар ҳамин ақидааст, ки халои иттилоотӣ дар манотиқи наздимарзӣ аз суи расонаҳои хабарии ҳамсоякишвар пурра мегардад. Ҷаноби Ҳамдампур меафзояд, ҳукумати марказиро лозим аст, ки ба истилоҳ дастгоҳи идеологии худро тақвият бахшад ва ҳадди аққал дар баробари даҳҳо барномаҳои радиоиву телевизионии Узбакистон пахши радиои тоҷикиро дар ҳудуди сарзамини худ руи кор орад. Аз ҷониби дигар расонидани матбуоти тоҷикӣ ба навоҳии ҷануби Хатлон- Шаҳритус- Қубодиён, Бешкент талаби рӯз аст.

Новобаста ба мушкилоти зиёд солҳои 2002-2003 барои радиои тоҷик соли пешравиҳо буд. Дар ин солҳо се радиои гайридавлатӣ - радиои Азия Плюс, Ватан ва Радиои Осиё соҳиби литсензия ё худ иҷозатнома барои пахши барномаҳо дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар шудаанд. Ва ҳамакнун ду радиои ғайридавлатӣ дар пойтахти кишвар фаъол аст.

XS
SM
MD
LG