Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди худсар аз манзилҳои тассаруфкардаашон берун карда мешаванд



Абдуқайюми Қайюмзод

Замони ҷанги шаҳрвандӣ силоҳбадастони тоҷик бо истифода аз зур биноҳои давлатӣ ва манзилҳои фирориёнро аз худ карда буданд.

Шаҳрдории Душанбе қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он афроде, ки манозили зисти сокинони Душанберо ғайриқонунӣ ишғол карда буданд, аз ин манозил ихроҷ мешаванд. Чунин тасмим ҷузъе аз қарори шаҳрдории Душанбе аст.

Бар асоси он ҳукумати шаҳр ашхосеро, ки дар биноҳои фалокатбор ба сар мебаранд ё бо манзили беҳтар таъмин ва ё маблағеро баробар ба баҳои манзилашон пардохт мекунад.

Шавкат Саидов - сухангуи раиси шаҳри Душанбе гуфт, шаҳрдорӣ бо такя ба маълумоти хулосаи комиссияи махсуси Пажуҳишгоҳи лоиҳасозӣ ин тасмимро гирифтааст. Вай афзуд: "Раиси шаҳр қарор қабул намуд, ки оилаҳои манзилҳояшон дар ҳолати садама қарор дошта, 23 хона дода мешавад. Даҳ хонаи дуҳуҷрагӣ ва 13 хонаи сеҳуҷрагӣ."

Ҷаноби Саидов ҳамчунин гуфт, бархе аз хонаҳои сокинон ва ё манозили давлатии ниматамом аз суи ашхос ғайриқонунӣ ишғол шуда буданд. Вай идома дод: "Дар ин қарор ҳамчунин омадааст, ки барои муҳайё намудани захираи кофӣ дар фонди манзилии ҳукумати шаҳр ва ҷиҳати таъмини шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои ҳолати садамавӣ зиндагӣ доранд, ба ҳукумати ноҳияи Фрунзе супориш дода шудааст, ки ҳамроҳи органҳои маъмурӣ дар муҳлати як моҳ нисбати шахсоне, ки худсарона хонаҳоро ишғол карда ва ҳаққи истиқомат дар онҳоро надоранд, чора дида шавад."

Замони ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз хатми ҷанг, ки туфангсолорӣ омили таъинкунандаи низоми иҷтимоӣ маҳсуб мешуд, теъдоде аз силоҳбадастони тоҷик бо истифода аз султаи туфанг ва забондарозиашон барои барқарорсозии сохти конституционӣ биноҳои мутааллиқ ба давлат ва афродро ишғол намуданд.

Дар он замон имкони муқовимати ҳукумат бо ин афрод заиф буд ва ҳукумат наметавонист қонуниятро дифоъ кунад. Коршиносон тасмими ахири ҳукумати шаҳри Душанберо нишонае аз таҳкими нуфузи давлат медонанд.

Аммо назар ба ақидаи баъзе аз ҳуқуқдонон механизми ҳуқуқии ихроҷи ишғолгарони манозил тибқи қавонин набудааст. Зеро танҳо ниҳоди додгоҳӣҳақ дорад ҳукми ихроҷи онҳоро содир кунад, на ниҳоди иҷроия, ки ҳукумати шаҳр аст.

XS
SM
MD
LG