Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғи Роғун кай равшан мешавад?



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ҷалби сармоя ба бунёди он ҳануз муяссар нашудааст.

Назар ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуи сармоягузорӣ ба ниругоҳи Роғун аз мавзуъҳои умдаи мулоқотҳои мақомоти Тоҷикистон бо масъулони ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ дар рузҳои аввали моҳи май будааст.

Ҷониби Тоҷикистон тарҳи идомаи бунёди ниругоҳи Роғунро дар мулоқотҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо раиси Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд Жан Лемйер ва бо мудиромили Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Тоҷикистон Петро Веглио дар миён гузошт.

Тарафи Тоҷикистон бунёди ин ниругоҳро як тарҳи минтақавӣ арзёбӣ мекунад ва изҳор доштааст, ки барои бунёди он бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Рушди Исломӣ низ омода ҳаст ҳамкорӣ кунад.

Ба мушоҳидаи нозирон, дар мавзеъгирии Тоҷикистон дар робита ба ин ниругоҳ тағйир ба назар мерасад. То ин замон Тоҷикистон умедвор буд Русия барои бунёди он сармоя тахсис медиҳад ва аммо дар миён гузоштани мавзуи ниругоҳ бо ниҳодҳои байналмиллалӣ нишонаи ноумед гаштан аз ваъдаҳои Русия мебошад.

Соли гузашта "Ширкати Сохтмонии Балтик", ки гуфта мешавад аз ширкатҳои хеле нируманди Русия аст, бо ширкати "Барқи Тоҷик" дар заминаи азсаргирии умури бунёди ниругоҳ қарордоде имзо намуд ва изҳори омодагӣ кард, дар ваҳлаи аввал 100 милён доллар барои оғози кор тахсис диҳад ва мошинолоти заруриро ба Роғун интиқол диҳад, вале то кунун иқдоми амалие дар ин самт бардошта нашудааст.

Зиёратшоҳ Ашуров, раиси идораи бунёди ниругоҳи Роғун дар ин замина мегуяд: "ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосиро мо ба ҳамдигар пешниҳод ва мувофиқа кардем. Ҳозир баррасии масъала дар айни анҷом ёфтан аст."

Таҳлилгарон тахмин мекунанд, дар дохили ҳукумати Тоҷикистон лоббиҳои мухталифе вуҷуд доранд, ки ҳар кадоме дар мавриди ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди ниругоҳ мавзеъи мухталифу мухолиф ба ҳам доранд ва ба таъхир афтодани оғози кори "Ширкати Сохтмонии Балтик"-и Русия шояд ба рақобати байни онҳо марбут бошад.

Аз суи дигар, наметавон бесуботии ҷониби Русияро дар бунёди ниругоҳ нодида гирифт, мегуянд коршиносон, зеро ин кишвар, ки равобити танготанги низомиву сиёсӣ бо Тоҷикистон дорад, борҳо алоқамандиашро ба сармоягузории ин ниругоҳ эълон доштааст, вале по фаротар аз ваъдаҳо нагузоштааст. Бо вуҷуди равобити наздики сиёсӣ давлати Русия мустақиман дар иқтисоди Тоҷикистон сармояи назаррасе нагузоштааст.

Аммо Бонки Ҷаҳонӣ шуруъ аз соли гузашта ба ниругоҳи Роғун таваҷҷуҳ намуд. Зиёратшоҳ Ашуров мегуяд: "Соли газашта намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ омада буданд ва гуфтанд, ки мо баъди маслиҳат бо раҳбарияти худ дар Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузориро ҳал мекунем." Мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз сафари ин ҳайъатҳояшон ба Роғун эълон доштанд, ки омодаанд ба ниругоҳ сармоягузорӣ кунанд. Вале ду мушкили умдаро дар ин роҳ мутазаккир шуданд, ки танҳо дар сурати бартараф намудани онҳо имкони сармоягузорӣ ба ниругоҳ фароҳам меояд. Яке, ризояти ҳамсояҳо барои бунёди ниругоҳ ва дуюм бозоромузии нируи барқ, яъне пас аз тавлиди нируи барқ дар Роғун кадом кишваре метавонад онро бо қимате, ки битавонад хароҷотро ҷуброн кунад, бихарад.

Раиси идораи бунёди ниругоҳи Роғун мегуяд, ин ду мушкил акнун тақрибан бартараф шудааст: "Соли гузашта Ислом Каримов дар ҷамъомаде дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки мо тарафдори сохта шудани ГЭС-и Роғун ҳастем. Масалан, Эрон барои маблағгузорӣ кардан созишнома имзо кардааст ва қобилияти пардохтро дорад. Қазоқистон тқудрати пардохт кардан дорад. Русия ҳамчунин."

Аммо ахиран қабл аз нишасти намояндагони ниҳодҳои сармоягузор дар деҳаи Пуғузеи ноҳияи Варзоб фиристодаи Сандуқи Байналмилалии Пул Роберт Кристиансен, ки низ дар ин нишаст ширкат намуд, гуфт, ин ниҳод аз афзудани андозаи қарзи хориҷии Тоҷикистон нигарон аст.

Коршиносони молиявӣ ин ишораи дипломатонаи ҷаноби Кристиансенро ба ин маънӣ таъбир мекунанд, ки Сандуқи Байналмилалии Пул, ки ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон тибқи раҳнамоиҳои вай сурат мегиранд, иҷозат намедиҳад, ки Тоҷикистон қарзҳои дигаре барои иқтисодаш дарёфт кунад. Ва баъд аз чунин ҳушдори ин ниҳоди муътабари молиявӣ ҳеҷ сармоягузори ҷиддие низ ҳозир намешавад сармояашро ба хотири Тоҷикистон таҳти хатар оварад.

Ин ба он маъност, ки бар ду мушкили мазкури сохтмони ниругоҳи Роғун мушкили дигаре зам мешавад. Албатта, илова бар мушкилоти дохили ҳукумати Тоҷикистон ва мавзеи Русия дар робита ба ниругоҳи сарнавиштсози иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳануз сарнавишташ рушан нест.

XS
SM
MD
LG