Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо ба Чин мутаваққиф шуданд



Раҳматкарими Давлат



Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз қатъ шудани парвозҳои худ ба Ҷумҳурии Халқии Чин хабар дод. Ин парвозҳо, ки тавассути ҳавопаймои навъи Туполеви русӣ ҳар рузи якшанбе ба шаҳри Урумчии Чин анҷом мешуданд, ба далели шуйууъи беш аз ҳадди бемории илтиҳоби ғайриодии роҳҳои нафас дар ҷумҳурии Чин тавақуф шудааст.

Юсуф Аҳмадов, сардори идораи нозироти департаменти ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Қатъ намудани парвозҳо як падидаи муваққат аст, ки ба хотири доир намудани тадобири пешгирона аз ҳолати сарзадаи вогирӣ анҷом шудааст. Ва ин таваққуф то миёнаи моҳи май идома хоҳад дошт."

Аммо дар ҳамин ҳол, Абдулло Юлдошев, сардори идораи умури кишварҳои Африқо ва Осиё дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон, мегуяд, сафорати кишвар ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин низ ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва то кунун ҳеҷ ҳодисаи гирифтории ин сокинони Тоҷикистон ба бемории ғайриоддӣ мушоҳида нашудааст.

Мақомоти Маркази вогиршиносии Тоҷикистон мегуянд, дар сурати афзоиш ёфтани беморӣ дар кишварҳои дигар парвози ҳавопаймоҳо ба ин кишварҳо низ тавққуф хоҳад шуд.

Тафсили ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG