Пайвандҳои дастрасӣ

САРС сабаби қатъи парвозҳо ба Чин шуд



Раҳматкарими Давлат

Ширкати ҳавоии Тоҷикистон замони таваққуфи ин парвозҳоро то миёнаҳои моҳи май гуфтааст.

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз қатъ шудани парвозҳои худ ба Чин хабар дод. Ин парвозҳо, ки тавассути ҳавопаймои навъи Туполеви русӣ ҳар рузи якшанбе ба шаҳри Урумчии Чин анҷом мешуданд, ба далели шуйууъи беш аз ҳадди бемории илтиҳоби ғайриодии роҳҳои нафас дар ҷумҳурии Чин тавақуф шудааст.

Юсуф Аҳмадов, сардори идораи нозироти департаменти ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Қатъ намудани парвозҳо як падидаи муваққат аст, ки ба хотири доир намудани тадобири пешгирона аз ҳолати сарзадаи вогирӣ анҷом шудааст. Ва ин таваққуф то миёнаи моҳи май идома хоҳад дошт."

Аммо дар ҳамин ҳол, Абдулло Юлдошев, сардори идораи умури кишварҳои Африқо ва Осиё дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон, мегуяд, сафорати кишвар ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин низ ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва то кунун ҳеҷ ҳодисаи гирифтории ин сокинони Тоҷикистон ба бемории ғайриоддӣ мушоҳида нашудааст.

Оқои Юлдошев гуфт: "Сафорати мо дар ҶХЧ ба ҳеҷ сурат таътил намешавад ва нахоҳад шуд. Кор карда истодааст. Ба донишҷуёни мо дар Чин, дар шаҳроҳе, ки осебзадатар ҳастанд, ғамхории ҳамаҷониба расонида шуда истодааст. Саҳару пешину бегоҳ - телефон мезанем, яъне ба ҳамаашон назорат карда истодаем. Зурамон ба ин мерасад."

Аммо ба назари коршиносон, қатъ шудани парвозҳо ба Чин қабл аз ҳама метавонад бо муносиботи тиҷории ду кишвар осеб расонад, зеро аз ин парвозҳо умдатан тоҷирони тоҷик истифода мекунанд.

Ғафур Расулов, сухангуи вазорати равобити иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегуяд: " Албатта, байни ин ду кишвар тавассути ҳавопаймоҳо парвозҳои тиҷоратӣ сурат мегирифт ва ин ҳатман ба содироту воридоти кишвар таъсир мерасонад, аммо ба таври куллӣ таъсироти он чандон бузург нест"

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар чор моҳи соли равон 50 дар сад назар ба соли гузашта рушд кардааст ва дар сурати тул кашидани ин таваққуф имкон дорад, табодули мол коҳиш пайдо намояд.

Мақомоти Маркази вогиршиносии Тоҷикистон мегуянд, дар сурати афзоиш ёфтани беморӣ дар кишварҳои дигар парвози ҳавопаймоҳо ба ин кишварҳо низ тавққуф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG