Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Театри "Аҳорун" ба сафари Аврупо рафт



Мирзои Салимпур



Театри "Аҳорун" охири ҳафтаи гузашта барои як сафари ҳунарӣ ба Аврупо рафт. Мудири театр Рустам Воҳидов ба "Азия Плюс" гуфт, ҳунарпешаҳои "Аҳорун" дар як саҳнаи театрӣ дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд машқ ва баъдан дар шаҳрҳои Антверпени Белгия ва Пориси Фаронса ҳунарнамойӣ хоҳанд кард.

Оқои Воҳидов гуфт, сафари ҳунарии ин театр ба кишварҳои Аврупо тавассути кумаки Маркази фарҳангии Белгия мавсум ба "Де Сингел" муяссар шудааст.

Театри "Аҳорун" дар ин сафар ду намоишномаи "Шоҳ Лир" ва "Даҷҷол"-ро бо худ ҳамроҳ бурдааст. Ҳар ду намоишномаро коргардони маъруф Фаррухи Қосим бар пояи осори Фирдавсиву Румӣ ва Шекспир руи саҳна овардааст.

XS
SM
MD
LG