Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни аксбардорон натиҷагирӣ шуд



Хиромони Бақозода



Баргузории намоишгоҳи аксбардорони тоҷик таҳти унвони "Тоҷикистони ман" дар толори осорхонаи ба номи Камолиддини Беҳзод дар шаҳри Душанбе бо натиҷагири аз озмуни Беҳтарин акс анҷом ёфт.

Мирзоҳаёт Давлатов, раҳбари Иттиҳодияи рузноманигорони Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ожонсии давлатии "Ховар" гуфт, дар ин озмун Тухтамурод Рузиев, Хусрав Аминов ва Парвиз Амирҷонов аксбардорҳои беҳтарин шинохта шуданд.

Баргузории намоишгоҳ ва озмуни аксбардорон бо кумаки вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Бунёди Сорос ва маркази аксбардории "Рангинкамон" муяссар гардид.

XS
SM
MD
LG