Пайвандҳои дастрасӣ

Фасоди молӣ дар роҳи оҳан



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Давлат тавони пешгирӣ аз ин падида дар роҳҳои оҳани Тоҷикистонро надорад.

Ин ҷо бозор нест ва ҳеҷ кас бо садои баланд намегуяд, масалан, "бача, нон-да биё" ё "бача, бодирингда биё", яъне: "ҳой мардум, нон бихаред" ё "ҳой мардум, бодиринг бихаред". Аммо хеле шабоҳат ба бозор дорад, зеро дар ин ҷо низ мардум зиёд аст ва мисли бозор намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистонро метавон дучор омад. Танҳо тафовут ин аст, ки дар ин ҷо мардум дар ду саф навбат истодаанд ва ҳеҷ кас садо баланд намекунад, ки барои хариди мол биё. Агар хориҷ аз навбат мол хариданӣ бошед, ин ҷо танҳо махфиёна молро пешниҳод мекунанд.

Шояд ҳавсалаатон сар рафта бошад, ки ин ҷо чӣ ҷоест. Ин ҷо майдони назди истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе аст. Ҳамон ҷоест, ки бо ру ниҳодани ҳаво ба гармӣ садҳо ҳазор нафар мардуми Тоҷикистон маҷбур аст, ба зиёраташ биёяд.

Агарчи имсол дар муқоиса бо порсол дар ин ҷо издиҳоми бенизом нест, ҳудуди 200 нафар ҳарруза дар ин ҷо дар навбат меистанд ва мехоҳанд билети қаторро барои берун аз кишвар рафтан пайдо кунанд, то дар хориҷ кор ва воситаи зиндагӣ пайдо кунанд.

Вале пайдо намудани билет ё чипта кори осон нест. Одамон дар ин ҷо рузҳо ва ҳатто моҳҳо интизор мешаванд, то бо нархи муқарраркардаи идораи роҳи оҳан билет бихаранд.

Як мард, ки ба қавлаш аҳли ноҳияи Файзобод аст, чунин гуфт: "Инак яку ним моҳ шуд, ки мо даводав дорем барои билет гирифтан, вале ҳеҷ илоҷаш нест. Ҳар рузи меоем ва то соати севу чор меистем, тамом ки шуд, гашта меравем."

Аммо мардум мегуяд, ҳарруза танҳо 30 то 50 билет фурухта мешавад ва аксари билетҳо бо нархи гарон тавассути миёнаравҳо фурухта мешаванд, ки онҳо бо кормандони роҳи оҳан робитаи наздик доранд: "Нархи давлат барои платскарт 206 сомонӣ ва барои купе 256 сомонӣ аст, вале дар бозор то 400 сомонӣ буд."

Қимати як чипта дар бозори сиёҳ тақрибан ду маротиб аз нархи давлатӣ бештар аст. Дар баробари мардон тақрибан 50 зан барои харидани билет дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, ки ду зан хеле мехостанд садояшон шунида шавад:

" 50-60 зан ҳар руз омада мераванд, лекин билет гирифта наметавонанд. Ҳамаи билетҳоро ба воситае фурухта истодаанд".

"Ҳар руз то 30 билет мефурушанд ва дигараш ба дасти ҳаннотоне меравад, ки баъд бо нархи 400 сомонӣ мефурушанд. Мо гирифта наметавонем."

Аксари онҳое, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, аз зикри номашон худдорӣ менамуданд. Ва аммо ба қавли раиси истгоҳи роҳи оҳани Душанбе Илҳом Солиев, дар ҳамон рузе ки ман бо мардуми ҷамъомада суҳбат доштам, фуруши билет ба андозае буд, ки талаботи мардумро қонеъ сохта буд.

Вай афзуд: "Масалан имруз ба андозае билет ба фуруш бароварда шуд, ки мунтаҳо ягон хоҳишманди мусофират бидуни билет намонд. Ҳамин руз барои ду қатори роҳи оҳан дар истгоҳи қаторҳои мусофирбари шаҳри душанбе 300 ҷойӣ, дар маҷмуъ 600 билет ба фуруш рафтааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Солиев, ҳар ҳафта 4 қатор, ҳар кадоме дорои 700 ҷой барои мусофирон ба суи Русия меравад ва дар ҳафта 2800 нафар аз тариқи роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷ сафар мекунанд. Ба ақидаи нозирон, теъдоди бисёри билетҳо дар бозори сиёҳ фурухта мешавад ва ин нишонае аз иқтисоди ғоиб аст, ки ҳампо бо ришвахориву фасоди молӣ мебошад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик дар ин замина мегуяд: "Ин нишонаи дар ҷумҳурии мо хеле чуқур реша давонидани иқтисоди пинҳонӣ аст. Ин соф коррупсия аст."

Назар ба маълумоти манобеи додситонии нақлиёти Тоҷикистон, ин додситонӣ барои онҳое, ки бо қаллобӣ пули мардумро бо ваъдаи харидани билет барояшон аз худ кардаанд, 14 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст, ки далели ин парвандаҳо на тиҷорати билет, балки қаллобист.

Ба қавли баъзе аз ҳуқуқдонон, барои билетфурушии ғайриқонунӣ қонун ҳеҷ гуна ҷазо муқаррар накардааст, аз ин ру наметавон барои билетфурушии ғайриқонунӣ касеро ба маҳкама кашид. Ин навъе аз тиҷорат аст ва дар тиҷорат ҳар ҷое, ки суд дорад, агар холӣ бимонад, фавран пур мешавад. Аммо ин халоъро кӣ пур мекунад ва судро кӣ мебардорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегуяд, дар ин соҳа маблағҳои ҳангуфте дар гардиш аст, ки ҳатто ҳисоб кардани он ғайриимкон аст: " Дар ин ҷо танҳо мардуми миёнарав дохил намешаванд, чунки намояндагони сохторҳои қудратӣ ҳам тавассути ҳамин навъи иқтисод даромадҳои зиёде ба даст медароранд." Ба назари коршиносон, ҳатто дар баъзе маворид камбуди билети қатор ба таври сунъӣ эҷод мешавад, то садҳо нафар аз кормандони идораҳои давлатӣ ба шумули ниҳодҳои қудратӣ, ки бинобар камбуди маош маҷбуранд роҳи дигаре барои дарёфти пул пайдо кунанд, аз ин ҳисоб будҷаи шахсиашонро такмил мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегуяд, дар чунин ҳолате, ки давлат наметавонад аз тариқи имконоти хеш роҳи чунин фасодро бигирад, танҳо роҳ ба адлу инсоф даъват кардан аст.

XS
SM
MD
LG