Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент Раҳмонов бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молӣ



Абдуқайюми Қайюмзод

Бонки Исломӣ риштаи обёрии Тоҷикистонро бо 9 милён доллар ва Бонки Ҷаҳонӣ соҳаи маорифро бо 20 милён доллар кумак мекунанд.

Педро Веглио, мудири иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ пас аз анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бори аввал сурат мегирад, гуфт, вазъ дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст ва имкон медиҳад кишварҳои кумаккунанда бештар дар иқтисоди ин кишвар саҳм бигиранд.

Ҷаноби Веглио гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ барои бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ дар Помир, ки муштаракан бо Оҷонси ҳамкориҳои ҳукумати Швейтсария сурат мегирад, маблағ тахсис додааст. Вай ҳамчунин афзуд: "Ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон хуб аст ва он рушд мекунад ва ба назари ман, ҳамкориҳо дар ин замина идома меёбанд. Махсусан вақте, ки лоиҳаи ниругоҳҳои барқӣ дар Помир бомуваффақият анҷом ёбад."

Зафар Саидов, сухангуи раисиҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, равобити Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон бештар тақвият меёбад. Ҷаноби Саидов гуфт, миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати додани қарз барои ислоҳоти низоми маорифи кишвар гуфтушунидҳо ба марҳалаи анҷоми худ мерасад ва интизор меравад мавзуъи ихтисоси 20 милён доллар қарзи боимтиёзи Бонки Ҷаҳонӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон ба таври мусбат ҳал шавад.

Бар пояи иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Тошканд ва иштирокаш дар ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, миёни Бонки Исломии Рушд ва ҳукумати Тоҷикистон як созишнома ба имзо расид, ки тибқи он Бонки Исломӣ барои тармиму навсозии шабакаҳои обёрии шаҳри Душанбе 9 милён доллар қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG