Пайвандҳои дастрасӣ

Шакли гузориши миллии Душанбе муҳокима шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи душанбе пешнависи лоиҳаи гузоришоти миллӣ дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар робита ба ҳуқуқи башар дар як мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мизигирд бо ибтикори комиссияи ҳуқуқи башари давлати Тоҷикистон, дафтари мусоидат барои сулҳи Созмони Милал, маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ожонсии рушди Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Матни ин санад аз суи комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба риояти ҳуқуқи башар омода шудааст.

Владимир Сотиров, раиси дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, дар вазъияти баъдиҷангӣ риояи ҳуқуқи башар аз шартҳои муҳими демократисозии ҷомеа ва рушди гуногунандешӣ мебошад. Бинобар ин, афзуд вай, коршиносони комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ ҳаводиси ҷорӣ дар тамоми кишварҳоро зери назар доранд, то ки гузоришҳои муътамад ва дақиқ оид ба вазъи ҳуқуқи башар аз ин кишварҳо пешниҳод шавад.

Ҷаноби Сотиров гуфт, ба назари ман, ин санад хеле боаҳамият аст, зеро он бар зарурати таваҷҷуҳ ба риояти ҳуқуқи башар ва такмили наҳваи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таъкид мекунад. Ҷаноби Сотиров ҳамчунон афзуд, ки санади мазкур масоили дигареро, аз қабили масоили такмили низоми омори давлатӣ, мавзуи ин ки кадоме аз масоил сирри давлатианд ва кадоме аз масоил дар ихтиёри ҷомиаи байналмилалӣ гузошта мешаванд, мавриди баҳс қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG