Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати беҳдошт аҳолиро аз САРС ҳушдор дод



Раҳматкарими Давлат



Вазорати беҳдошти Тоҷикистон зимни нашри як муроҷиъатнома аз сокинони кишвар даъват кардааст, то аз сафар ба кишварҳое, ки бемории оризаи ғайриодддии роҳҳои нафас ё худ САРС густариши зиёд дорад, худдорӣ намоянд. Зиёвуддин Афғонов, сардухтури давлатии беҳдоштии Тоҷикистон мегуяд:

"Ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ дар Тоҷикистон тавсия мекунам: Аввал, ба манзури эҳтимоли пайдо шудани ангезандаи беморӣ дар мусофирон, назорат аз болои шахсоне, ки аз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё тавассути ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тақвият бахшида шавад. Ба шаҳвандони Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки бидуни зарурати воҷиб аз сафар ба кишварҳое, ки беморӣ густариши бештар ёфтааст, мисли Чин, Сингапур, Канада, Ветонам, худдорӣ намоянд." Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG