Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати беҳдошт: "Аз сафар ба ҷанубу шарқи Осиё худдорӣ кунед!"



Раҳматкарими Давлат

Аз мардум дархост шудааст, бидуни зарурати воҷиб ба Чину Сингапур ва Ветнаму Канада сафар накунанд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон зимни нашри як муроҷиъатнома аз сокинони кишвар даъват кардааст, то аз сафар ба кишварҳое, ки бемории оризаи ғайриодддии роҳҳои нафас ё худ САРС густариши зиёд дорад, худдорӣ намоянд. Зиёвуддин Афғонов, сардухтури давлатии беҳдоштии Тоҷикистон мегуяд:

"Ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ дар Тоҷикистон тавсия мекунам: Аввал, ба манзури эҳтимоли пайдо шудани ангезандаи беморӣ дар мусофирон, назорат аз болои шахсоне, ки аз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё тавассути ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тақвият бахшида шавад. Ба шаҳвандони Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки бидуни зарурати воҷиб аз сафар ба кишварҳое, ки беморӣ густариши бештар ёфтааст, мисли Чин, Сингапур, Канада, Ветнам, худдорӣ намоянд." Дар ин муроҷиатнома ҳамчунин аз масъулини соҳоти марбута ва шаҳрвандон хоста шудааст, ки ниҳояти талоши худро барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли густариши ангезандаи ин беморӣ ба кор баранд. Ба табибон усулҳои муносибат ба ин навъи беморӣ дар сурати пайдо шудани он фаҳмонида шудааст.

Дар муроҷиатнома омадааст, ин беморӣ ҳануз то ба охир шинохта ншудааст ва хусусан табибони тоҷик дар бораи он маълумоти камтаре доранд. Аммо ба ҳар сурат, маълумоти то кунун мавҷуд дар бораи табиати ин беморӣ оварда шудааст. Гуфта шудааст, оризаи ғайриодии роҳҳои нафас таби болотар аз 38 дараҷа, дарди сар, ларзаи баданро ҳамроҳ дорад.

Ба ин манзур, сардухтури беҳдоштии Тоҷикистон ҳатто гуфтааст, бояд табибон ба ҳангоми кушодан ё ҷарроҳии ҷасадҳо тамоми меъёрҳои беҳдоштиро истифода кунанд.

Тибқи дастур, ҳамчунин ба тамоми хадамаи ҳавопаймоҳое, ки ба хориҷ аз кишвар парвоз мекунанд, усулҳои муносибат бо мусофирон ва муайян намудани беморон дар вақти парвоз омузонида мешавад.

Дар муроҷиатнома омадааст, марказҳои беҳдоштӣ ва тиббии гузаргоҳҳои марзӣ муҷаҳҳаз ва тақвият шудаанд. Ҳамчунин, бо мусоидати созмонҳои беҳдоштии байналмилалӣ дар назар аст тамоми марказҳои беҳдоштӣ бо индикаторҳое, ки ҳарорати бадани касро фавран муайян мекунанд, таъмин шавад.

Ба гуфтаи сардухтури беҳдоштӣ ва муовини вазири сиҳҳати оммаи Тоҷикистон, то кунун ангезандаи ин беморӣ дар кишвар мушоҳида нашудааст. Аммо вазорати беҳдошт аз сокинон ва табибон даъват намудааст, ки ҳатто дар сурати мушоҳидаи аломатҳои ёдшудаи ин беморӣ дар ашхос ба маркази беҳдоштӣ иттилоъ диҳанд.

XS
SM
MD
LG