Пайвандҳои дастрасӣ

Ёде аз иди фаромушшудаи матбуоти шуравӣ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Обуна ба рузномаҳо дар минтақаи Кулоб иҷборист.

5-уми май - рузи таъсиси рузномаи "Правда", органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ, тули 70 сол дар замони султаи шуравӣ ҳамчун рузи матбуот таҷлил мешуд. Дар ин руз дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон низ беш аз 12 нашрия бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва узбакӣ нашр мегардид ва ҳамагии онҳо бо ҳуруфи рангаи сурху кабуд аз 5-уми май ҳамчун аз рузи таъсисёбии матбуоти шуравӣ ёдовар мешуданд.

Аммо ҳамаи ин дар гузашта боқӣ монд. Ҳамакнун дар Кулоб ягон нашрия ба чоп намерасад. Мошини таблиғоти шуравӣ бо тамоми рузномаву маҷаллоташ аз байн рафт ва ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои дубора эҳё кардани ин нашарот манфиатдор ҳам нест.

Дар баробари нашрияҳо чопхонаҳо низ дар манотиқи дур аз фаъолият бозмондаанд. Ҳукумат ахиран барои таҷлили 2700-солагии Кулоб 17 милён сомонӣ ҷудо кард, аммо ягон сомонӣ аз ин маблағро барои тармими чопхонаи марказии Кулоб ихтисос надодааст.

Ва дар ҳоле ки ҳукумат барои эҳёи ҷаридаҳои маҳаллӣ хасеро руи хасе нагузоштааст, барои афзудани теъдоди нашрияҳои марказӣ ҷаҳд дорад ва мардумро иҷборан ба нашрияҳои давлатӣ обуна мекунад.

Ба унвони мисол кумитаи андози маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа аз ронандагони микроавтобусҳои шахсӣ, тоҷирон, савдогарон ва бозорнишинон даъват кардааст, ки ба нашрияи "Паёми Андоз" ё худ "Боҷу Хироҷ" обуна шаванд.

Алии Ғулом, як тан аз тоҷирони маҳаллӣ мегуяд, ҳарчанд ки онҳо ба тариқи иҷборӣ ба ин нашрия обуна шудаанд, аммо ҳама шумораҳои онро намегиранд.

Ва аммо обунаи иҷборӣ ба матбуоти ҳизбӣ ва ҳукуматӣ низ ба назар мерасад. Теъдоди нашри нашрияҳое ба мисли "Ҷумҳурият", "Садои Мардум" аз 15 000 зиёд аст. Коршиносон мегуянд, обуна барои 3, 6 ва 12 моҳ ба ин нашрияҳо иҷборист. Ҳукуматҳои навоҳии кишвар муваззаф шудаанд, ба як теъдоди муайян ба "Ҷумҳурият" обуна шаванд. Бештари обунашавандаҳо кормандони ҳамин ҳукуматҳо будаанд.

Ва аммо ба "Садои Мардум" депутатҳои парлумони касбӣ, намояндагон дар маҷолиси вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ обуна мешаванд.

Аз ҷониби дигар, раванди аз тариқи зур обуна кардан ба нашрияҳои ҳизбӣ низ сироят кардааст. "Минбари Халқ" - органи ҳизби ҳоким халқиву демократии Тоҷикистон тавонист аз тариқи иҷборӣ беш аз 18 000 хонанда ёбад. Ҳамин теъдод аъзои ҳизб ба газета обуна шудаанд.

Ва аммо оё нашрия бо ҳамин теъдод нашр мешавад ва ба дасти хонанда мерасад ё на, суоли дигар аст. Зеро бар асари басташаваии идораҳои "Тоҷикматбуот", ки дар гузашта масъулияти тавзеъи нашрияҳоро дар кишвар ба уҳда дошт, ва набуди дуконҳои газетафурушӣ дар сар то сари навоҳии собиқ вилояти Кулоб феълан ягон сохтор масъулияти ҳамлу нақл ва ба дасти муштарӣ расонидани нашрияҳоро надорад.

Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои шахсиву ғайридавлатӣ дар байни мардум маъруфият ва хонандаи доимӣ пайдо мекунанд. Зумрае аз тоҷирон ҳар рузи ҷумъа нашрияҳои "Чархи Гардун", "Тоҷикистон", "Неруи Сухан" ва боқиро аз Душанбе ба минтақаҳо оварда, ба фуруш мезананд.

XS
SM
MD
LG