Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рузи ҷаҳонии матбуоти озод



Абдуқаюми Қаюмзод

Ҷомеашиноси тоҷик Рустам Ҳайдаров хабарнигори соли Тоҷикистон эълом шуд.

Таҷлили рузи ҷаҳонии матбуоти озод, ки 3-уми май дар Душанбе бо ибтикори маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Бунёди Сорос ва созмони байналмилалии "Интернюс" баргузор гардид, озмуни эълоннамудаи ин ниҳодҳоро барои ба даст овардани унвони журналисти беҳтарини сол ҷамъбаст намуд.

Рустам Ҳайдаров - журналисти мустақили тоҷик барои силсиламақолоти таҳлилӣ дар рузномаи Бизнес и политика баррандаи озмун, яъне журналисти беҳтарини сол дониста шуд. Рустам Ҳайдаров ҳамчунин дар як озмуни дигаре, ки соли равон матбуоти Русия эълон дошта буд, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Аммо таҷлили рузи ҷаҳонии матбуоти озод дар Тоҷикистон дар ҳоле баргузор гардид, ки куллияи рузноманигорон ва созмонҳои марбут ба фаъолияти рузноманигории кишвар аз номукаммалии Қонуни матбуот шикоят доранд. Ба эътиқоди рӯзноманигорони кишвар Қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки дар соли 1990 дар замони шуравӣ қабул гардида буд, барои шароити имруза созгор нест. Ҳамчунин онҳо аз тағироту иловаҳои ворид намудаи Маҷлиси Намояндагон ба Қонуни матбуот дар соли 2002 изҳори норозигӣ менамоянд.

Марат Мамадшоев - муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Азия Плюс" гуфт, агар дар чанд соли пеш хабарнигорон аз суи бархе аз мансабдорони давлатӣ ва ё қумандонҳо зери фишор қарор мегирифтанд, алъон худсонсурӣ як монеаи нашри матолиби танқидӣ мебошад.

Оқои Мамадшоюф афзуд, таҷрибаи ҳаррузаи кор навоқиси зиёди ин Қонуни матбуотро намоён мекунад:"Барои мо рузноманигорон қабули Қонуни нави матбуот зарур аст. Ин қонун бояд тартиби ба даст овардани иттилоотро барои ҳарду тараф ҳам барои рӯзноманигор ва ҳам барои манбаи иттилоот танзим кунад."

Хуршеди Атовулло - муҳаррири ҳафтаномаи Тоҷикистон низ бо овардани мисолҳои мушаххас зарурати қабули Қонуни нави матбуотро таъкид кард. Вай гуфт, Қонуни кунунии матбуот баръакс муҷиби нофаҳмиҳо ва мушкилот дар роҳи фаъолияти рӯзноманигорон шудааст. Вай мегуяд:"Дар моддаҳои 6 ва 34 Қонуни матбуоти Тоҷикистон омадааст, таҳқири шахсият, тарғиби терорризм, порнография, фош кардани сирри давлатӣ манъ аст. Дар ҳамин қонун шарҳ дода нашудааст, ки дахолат ба ҳаёти шахсӣ гуфта чиро медонанд. Дар масъалаи порнгорафия низ. Масалан дар Эрон нишон додани гардани зан порнография ҳисоб мешавад, аммо дар қонуни мо навиштаанд, ки тарғиби порнография манъ аст. Чунин ноқисиҳо зиёд аст."

Ба ақидаи Хуршед Атовуллоев дар ҳоли ҳозир сиёсати пешгирифтаи нашрияҳои давлатиро худи давлат, вале ғайридавлатиро муассисонаш, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳукумат сарбасар шудан намехоҳанд, таъин мекунанд.

Аммо Усмон Назиров узви Маҷлиси Намояндагон ва муаллифи тағийроту иловаҳо ба Қонуни матбуот бар ин назар аст, ки Қонуни матбуот барои фаъолияти рӯзноманигорон ҳама имконоти ҳуқуқиро фароҳам оавардааст.

Коршиносон мегуянд, ҳарчанд тибқи қавонини ҷорӣ дар Тоҷикистон сензура вуҷуд надорад, вале давлат бо усул ва шеваҳои гуногун аз болои фаъолияти матбуот назорат мекунад.

Мухтор Боқизода - раиси Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рузноманигорони Тоҷикистон ва сардабири ҳафтаномаи тозатаъсиси "Неруи Сухан" мегуяд, танҳо нашриёте, ки нисбатан ба талаботи имруза мувофиқат мекунад, дар ихтиёри идораи раёсати ҷумҳурист. Ва як далели ба мавзуоти танқидӣ ва ба истилоҳ "доғ" ру наовардани расонаҳои хабарӣ ҳамин пойбандии онҳо мебошад.

Мухтори Боқизода меафзояд:"Яке аз мушкилоти сангин набудани чопхонаи мустақил аст, ки рузноманигороне, ки мехоҳанд ин ё он рузномаи озодандешонаи хешро руи чоп оваранд, аслан дар нашриёти Шарқи Озод, ки вай моли ҳукумат аст, наметавонанд нашр кунанд. Ҳам нарху навои нашр дар ин ҷо қиммат аст ва ҳам метавонанд бо ҳар баҳона рузномаҳои онҳоро чоп накунанд".

Дар моҳи гузашта сӣ тан аз сардабирони нашрияҳои расмӣ ва ғайридавлатӣ бо ирсоли як номаи саркушода аз ҳукумат талаб намуданд, барои даҳ соли минбаъда онҳоро аз пардохти ҳар навъи андоз озод кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон то ҳоли ҳозир ба ин нома посух надодааст.

XS
SM
MD
LG