Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фридом Ҳаус:"Матбуоти Тоҷикистон озод нест"



Тоҳири Сафар



Созмони амрикоии Фридом Ҳаус эълон кард, ки соли гузашта вазъи озодии матбуот дар ҷаҳон ногувор шудааст. Гузориши нави ин созмон мегуяд, беш аз ҳама матбуот дар Русия, Украина, Арманистон зери фишор қарор гирифтаву садама дидааст.

Ин созмон матбуотро ба се табақа - озод, қисман озод ва ноозод тақсим мекунад. Фридом Ҳаус Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳое ворид кардааст, ки матбуоташ озод нест. Вале ин созмон мегуяд соли 2002-ум вазъи матбуот дар Тоҷикистон як андоза беҳтар шуд.

Ва дар робита ба матбуоти Тоҷикистон. Нашрияи Вечерний Душанбе иттилоъ додааст, ки як радиои мустақили дигар бо номи Ватан ҳафтаи оянда ба пахши таҷрибавии барномаҳояш дар Душанбе шуруъ мекунад.

XS
SM
MD
LG