Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон минаҳояшро нобуд мекунад



Мирзои Салимпур



Парлумони Тоҷикистон рузи чоршанбе Конвенсияи байналмилалии манъи тавлиду истифодаи минаҳои зиддинафарро ба тасвиб расонд ва аз давлатҳои хориҷӣ барои поккории майдонҳои минакоришуда маргбор дар кишвар кумак хост.

Ба иттиллои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин кишвар дар майдони 2 ҳазору 500 километри мураббаъ ва дар 600 километр роҳ мина ҷогузорӣ шудааст.

Бо тасвиби қатънома ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шуд, дар зарфи 4 соли оянда минаҳоро аз сарзамини кишвар барчинад.

Аммо Заробиддин Сироҷев сухангуи вазорати дифоъ мегуяд, барои барчидани минаҳо 13 миллион доллар зарур аст, ва бе ин маблағ ҷараёни поккории сарзамини кишвар аз минаҳо ним аср тул мекашад. Конвенсияи Оттава соли 1997 қабул шуда буд ва тибқи он истифодаи минаҳои зиддинафар, ҳамлу нақл ва тавлиди онҳо мумкин нест. Ин конвенсияро то кунун 130 кишвар ба тасвиб расонидааст.

XS
SM
MD
LG