Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар фурудгоҳ 10 кило ҳероин гирифтаанд



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба хабари ИТАР-ТАСС, кормандони милисаи нақлиётии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз як мусофири парвози Душанбе - Маскав 10 кило ҳероин мусодира карданд.

Ҷурахон Зоиров - генерал-майори милиса мегуяд, вай дар ёд надорад, ки то ҳол касе талош карда бошад ба ин миқдор ҳероинро аз Душанбе ба Маскав бо ҳавопаймо интиқол диҳад. Вай мегуяд, шояд дар фурудгоҳ шахсони бонуфузе ҳастанд, ки ба қочоқбар ваъдаи кумак кардаанд.

Кормандони милисаи нақлиётӣ ин фарзияро ҳоло тафтиш мекунанд. Аз оғози сол то ҳол онҳо беш аз 70 қочоқбари маводи мухаддирро, ки талош кардаанд 30 кило ҳероинро интиқол диҳанд, дастгир карданд.

Бино ба хабари дафтари матбуотии нируҳои марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон, моҳи гузашта марзбонони рус дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 800 кило маводи мухадир боздошт кардаанд. Марзбонон дар моҳи апрел ду дафъа бо қочоқгарон вориди задухурд шуда, аз чанд талоши убур аз марз ҷилавгирӣ кардаанд. Дар давоми моҳ нуҳ махфигоҳи аслиҳаву муҳимот кашф шудааст.

XS
SM
MD
LG