Пайвандҳои дастрасӣ

Бурду бохти нишастҳои Душанбе



Раҳматкарими Давлат

Коршиносон мегуянд, иҷлоси президентҳо чандон муваффақ набуд.



Ба назари мардум ва бархе коршиносони маҳаллӣ, интизороти Тоҷикистон аз сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба ин кишвар ва аз иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамкории Авро-Осиё бароварда нашудааст.

Бо сафари Путин ба Душанбе мақомоти ин кишвар ҳадди ақал ба ҳал шудани ду масъалаи барои Тоҷикистон муҳим - яке мушкили муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва дигаре сармоягузории Русия дар барномаҳои рушди соҳаи энержии Тоҷикистон - умедвор буданд.

Суҳроб Шарифов, муовини сардори раёсати иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҳафтаи пеш бо умедворӣ дар бораи муносиботи ду кишвар суҳбат мекард, акнун баъд аз анҷоми мулоқотҳо мегуяд, Русия ҳануз натавонистааст, мавқеи худро дар муносибот бо Тоҷикистон муайян намояд, вале Тоҷикистон дигар фурсати аз ин бештаре барои интизорӣ надорад ва барномаҳои раҳбурдии иқтисодии худро бояд тағйир диҳад ва дар пайи ҷалби сармояи кишварҳои дигар бошад.

Суҳроб Шарифов гуфт:"Сафари Путин ба Тоҷикистон он фикри манро тақвият дод, ки Русия қудрати иқтисодӣ надорад, ё як сиёсати мукаммале надорад, ки ба Тоҷикистон сармоягузории иқтисодӣ кунад. Ҳақиқатан ҳамин тавр шуд: пешравӣ дида нашуд, созишномаҳо ба имзо нарасиданд. Лекин воқеъият ҳамин аст ва мо бояд ба ҳамин воқеъият назар андозем, таҳқиқ кунем ва ҳаракат намоем, ки сиёсати молиявии худро нисбат ба давлатҳои дигар тағйир дода, дари худро ба руи онҳо низ боз кунем."

Аммо Рустам Ҳайдаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегуяд, ҳалли ин мушкилот бештар ба ҳосил шудани тавофуқ дар бораи шароити ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон бастагӣ дорад. Тавофуқе ки то кунун ба даст наомадааст.

Назар ба бархе маълумот, Тоҷикистон пешниҳод намудааст, то Русия бар ивази пойгоҳи назорати кайҳонии Норак, воқеъ дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон қарзҳои ин кишварро соқит намояд. Бар сари ин масъала тавофуқ ҳосл нашудааст. Русия танҳо ҳозир аст замони ё усули бозпардохти қарзҳои Тоҷикистонро тамдид намояд ва ё тағйир диҳад.

Рустам Ҳайдаров мегуяд, масъалаи муҳоҷирон низ аз масъалаҳои ҳалнашуда боқӣ монд. Ба назари у, қазияи муҳоҷирини кории Тоҷикистонро Маскав хамчун қартаи эҳтиётӣ ё фишанги фишор болои Тоҷикистон нигоҳ медорад.

Оқои Ҳайдаров афзуд:"То он даме ки мақоми пойгоҳи низомии Русия муайян нест, Русия низ ҳаракат намекунад, ки дар масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишвараш дигаргуние ворид намояд. Ин як омили сиёсӣ барои таъсир расонидан ба ҳамон кишварҳост. Шумо тасаввур кунед, ки агар Русия барои Тоҷикистон режими визоӣ муқаррар кунад, ин худ ба вазъи сиёсии кишвари мо таъсири зиёд мерасонад. Яъне он мардуме ки бекор ҳастанд, онҳоро бояд бо ҷойи кор таъмин кард. Ва ин дар оянда метавонад ба муташанниҷ шудани авзоъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон оварда расонад."

Аммо Суҳроб Шарифов мегуяд, то ба ҳол механизмҳои таъсиргузории Русия болои Тоҷикистон фаровон мавҷуд аст ва Маскав барои ҳалли масоили ҳузури низомиаш дар Тоҷикистон ба ҳамкории бештар ниёз надорад. У мегуяд:"Русия хуб медонад, ки масъалаи пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон хоҳ-нохоҳ ҳалли худро пайдо мекунад ва ин масъала барои Русия мавзуъи доғи руз нест, ки масъалаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия."

Аммо ба назари бархе дигар аз афрод, бештар сард шудани муносиботи Тоҷикистон бо Русия танҳо бар зиёни Тоҷикистон анҷом мешавад, зеро муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар Русия, ки наздики як миллион нафарро ташкил медиҳанд, як омили асосии таъмини шароити маишии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон мебошанд. Ин муҳоҷирон, бар асоси маълумоти ғайрирасмӣ, солона аз 800 миллион то 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Аслиддин Соҳибназаров, иқтисодшиноси тоҷик мегуяд:"Мо аз Русия канораҷуӣ карда наметавонем ва Русия ҳам аз мо канора гирифта наметавонад, чунки зиёда аз якуним миллион одам ба ҳайси коргари кироя имруз дар корхонаҳои Русия кор мекунанд. Ин масъала бояд баррасӣ шавад ва ҳалли он чӣ барои манофеъи давлатии Русия ва чӣ барои Тоҷикистон беҳтарин иқдом мебуд."

Аммо иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ ва санадҳои имзонамудаи онҳо дар Пуғоз чӣ аҳамиятеро доро мебошад?

Бархе аз мусоҳибони ман аҳамияти ин иҷлос ва суханони баёншуда дар онро ҷиддӣ намебинанд. Ба он далел ки сатҳи иқтисодии ин кишварҳо аз ҳам фарқи куллӣ дорад, мавқеи ин кишвархо дар баробари таҳаввулоти байналмилал на ҳамеша созгор аст. Ва муҳимтар аз ин ҳам ҳадафи ин кишварҳо аз узвият дар ин созмони амниятӣ аз ҳам фарқ мекунад.

XS
SM
MD
LG