Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пайрави "Шоҳидони Яҳво" маҳкум шуд



Саиди Сабоҳ



Рузи ҷумъа, 25-уми апрел додгоҳи шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 60-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, 2 тан аз тарафдорони ҷомеаи насронии "Шоҳидони Яҳво"-ро бо иттиҳоми таблиғоти динӣ бидуни доштани иҷозаи расмӣ, ба пардохти 5 маоши ҳадди ақали моҳона, яъне ҳар кадом 40 доллари амрикоӣ, маҳкум кард.

Хабаргузории "Форуми 18", ношири ин хабар, илова мекунад, ки рузи 20-уми апрел милисаи Турсунзода зимни ҳуҷум ба як хонаи шахсӣ, ки дар он қариб 40 нафар аз пайравони ин ҷомеа ҷамъ шуда буданд, 2 нафар бо номҳои Гирогорий Потенко ва Суҳроб Мақсудовро муваққатан боздошт ва сипас озод кард.

Дар поёни муҳокимаи дуруза, раиси додгоҳ Давлатбек Зубайров гуфт, далели маҳкумияти онҳо надоштани иҷозаи расмӣ барои таблиғоти динии ҷамоати "Шоҳидони Яҳво" будааст, ки дар шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG