Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадаф тамдиди муҳлати раёсати ҷумҳурист?



Мирзои Салимпур

Аҳдофи аслии раъйпурсии рузи 22 июн дар баррасии Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, мақараш дар шаҳри Лондон, менависад, раъйпурсӣ роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон роҳро барои боз ду навбати ҳафтсолаи раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмонов ҳамвор мекунад.

Дар маҷмуъ, тавассути раъйпурсии рузи 22-юми моҳи июн тағйир додани 56 банди Конститутсияи кунунии Тоҷикистон дар назар аст, вале аксар, аз ҷумла мухолифини давлат, ба ин боваранд, ки ҳадафи аслӣ аз ислоҳоти кунунӣ маҳз тамдиди муҳлати раёсати оқои Раҳмонов мебошад. Онҳо мегуянд, Тоҷикистон дар кадом ҷангале ба сар намебарад ва бояд ба арзишҳои байнулмилалӣ эҳтиром гузорад.

Аммо Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, гумон аст, ки ин эътирозҳои пароканда ба инобат гирифта шаванд ва аз ин ру, ислоҳи Қонуни Асосӣ, ширкат ва пирузии Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳуриро, бештари мардум аз ҳоло як амри воқеъ мепазиранд, зеро тақаллуби натоиҷи ҳар навъ интихобот ва ё раъйпурсӣ дар шароити кишварҳои фақире ба мисли Тоҷикистон кори душворе нест.

Эмомалӣ Раҳмонов аз соли 1992 раҳбарии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, бори аввал соли 1994 ва дафъаи дуввум бар асоси як ислоҳоти дигари Қонуни Асосӣ соли 1999 раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Он ислоҳоти қаблӣ муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро бо як давраи ҳафтсола маҳдуд мекард ва тибқи муқаррароти он Қонуни Асосӣ даврони раёсати оқои Раҳмонов бояд соли 2006 ба поён мерасид.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, Эмомалӣ Раҳмонов аз байни руасои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нафари нахустин ва ё ягона нест, ки даврони раҳбариашро аз роҳи тағйири Қонуни Асосӣ тамдид менамояд. Муаллиф дар идома ба таҳлили низомҳои ҳоким дар минтақа пардохта, меафзояд, аз замони суқути Иттиҳоди Шуравӣ ҳеҷ кадоми онҳо тағйири раҳбар накардааст.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ду маротиба аз роҳи раъйпурсиҳо муҳлати раёсати худро тамдид кард. Ҳамтои қазоқи вай Нурсултон Назарбоев аз ҳамин роҳ аз соли 1991 ба ин тараф раҳбарии ин кишварро ба уҳда дорад. Аскар Оқоев се дафъа раисиҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд ва он ҳам дар ҳоле, ки Қонуни Асосии ин кишвар барои як нафар танҳо ду муҳлатро пешбинӣ мекунад.

Аммо агар ин се раҳбар дар ҷиҳати тамдиди ҳукуматҳои хеш ҳадди ақал заминаи ҳуқуқӣ ҷуста бошанд, раисиҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов соли 1999 худро бе ҳеҷ дарди сар раҳбари умрбоди ин кишвар эълом кард.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, ҳамаи 5 раҳбари Осиёи Марказӣ ҳар навъ хатар ва ё таҳдиди қонунӣ ба қудратҳои худро ба ҳудуди сифр бурдаанд. Муаллиф меафзояд, ба ин тартиб ба ҷуз аз роҳи табаддулот роҳи дигаре барои тағйири низомҳои ҳоким дар ин кишварҳо боқӣ намемонад.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, ҳукумати Раҳмонов акнун дар ростои чанд роҳи интихоб қарор мегирад. Яке таъйини вориси сиёсии ҳукумати оқои Раҳмонов аст, ки тавонад бо пайгирӣ аз як сиёсати шадид мувозинати бо душворӣ бадастомада дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистонро нигаҳ дорад. Дигар эҳтимоли аз роҳи табаддулоти дарборӣ аз байн бурдани ҳукумати феълист, ки пайомадҳои ғайримунтазираеро ба думбол хоҳад дошт. Роҳи севвум эҳтимоли сар задани исёни мардум зери ҳимояти кишварҳои хориҷист.

Аммо Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегуяд, роҳи чоруме низ вуҷуд дорад, ки роҳи баргузории интихоботи озоду одилона аст. Ба назари муаллиф, ин роҳ ҳалли мунсифонаи хеле аз мушкилоти кишвар, ба мисли рақобатҳои минтақавӣ, фақри аҳолӣ ва шароити сангини иҷтимоиро наздиктар хоҳад кард.

Аммо намояндагони мухолифини тоҷик ба Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ гуфтаанд, вуҷуди раисиҷумҳуре, ки ҳамагӣ 50 сол умр дошта, боз мехоҳад муддати раҳбарии худро дасти кам то соли 2020 тамдид намояд, эҳтимоли аз ин роҳ кор гирифтани давлатро тақрибан ғайримумкин сохтааст.

XS
SM
MD
LG