Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 зан дар Кулоб соҳиби ҷойи кор шуд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Таҳияи ҷойҳои нави кор бо кушиши маркази занони шаҳри Кулоб муяссар шудааст.

Дар ҳоле ки ҳукуматҳо наметавонанд барои занҳо ҷойҳои корӣ муҳайё кунанд, дар минтақаи Кулоб бонувони маҳаллӣ тасмим гирифтанд, худ чорагари кори худ гарданд.

Аз ҷумла, маркази занони Кулоб барои 500 зан ҷойҳои кор таҳия кардааст. Зулайхо Комилова - сарвари маркази занони Кулоб - мегуяд, ин марказ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ беш аз 20 лоиҳаи кориро ба раҳ андохта, дар ин зимн садҳо тан аз бонувони бекори маҳаллиро ба соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд ҷалб кардааст.

У мегуяд: "Аз ҳисоби лоиҳаҳое, ки мо амалӣ кардем, имруз дар шаҳри Кулоб зиёда аз 500 зан бо ҷойи кор таъмин шуданд. Аз ҷумла, мо дар Кулоб як коргоҳи дузандагӣ кушодем, ки дар он беш аз 25 зан кор мекунад. Додани қарзҳои кутоҳмуддат ва ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занон ин ҳам як лоиҳаи дигари мо мебошад, ки тавассути он зиёда аз 400 зан ба тиҷорат ҷалб шуданд. Мо ҳамчунин аз ҳисоби занон дар ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг бригадаҳои картошкапарварӣ ташкил додем. Бар асоси он, 45 оилае, ки саробонии онҳо ба уҳдаи занон мебошад, бо тухми картошка таъмин карда шуданд ва ҳама шароитеро, ки барои кишти картошка лозим буд, мо барои ин занон фароҳам овардем."

Дар таҳияи ҷойҳои корӣ барои бонувон марказ аз тадобири ғайримаъмул кор мегирад. Ба унвони мисол, кишоварзон соҳиби тухмӣ мешаванд, ба паррандапарварон чуҷаи мурғ медиҳанд, шаҳриён сармояи аввалия барои оғози тиҷораташонро ҳамчун қарзи дарозмуддат дарёфт мекунанд.

Зулайхо Комилова мегуяд, дар ин байн маркази занон даҳҳо тан аз мардонро низ ба кор фаро гирифтааст.

Аз ҷониби дигар бо фароҳам овардани шароити кор ва ҷалби занони маҳаллӣ ба риштаи тиҷорат проблемаҳои зиёди ҳендерӣ дар минтақа низ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. Дар маркази занони Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дастнигарии занон аз мардон ва вобастагии онҳо аз сарвари оила, яъне мард, дигар қариб ки ба чашм намерасад.

Зулайхо Комилова мегуяд: "Мо зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии минтақа бо бисёер аз занон дидор ва гуфтугу мекунем. Ва аз суҳбати худи занон бармеояд, ки онҳо дар ин роҳ қадамҳое ба суи пеш гузошта истодаанд. Ба фикри ман, мардон акнун бештар дастнигари занон шуда истодаанд, чунки занҳо имруз ба кору тиҷорат ва соҳибкорӣ бештар машғул шуда, он занҳое, ки одатан дар хона менишастанд, ҳоло барои пайдо кардани ризқу рузӣ ба кору бозор мебароянд."

Дар ҳамин маврид, маркази занон тасмим гирифт, барои таҳияи ҷойҳои дигари кор барои занон дарсҳои омузиши кампутар ва курсҳои ҳунармандиву қаннодӣ ва ошпазиро ба роҳ монад.

XS
SM
MD
LG