Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирди номи ПАД чӣ мегардӣ?



Раҳматкарими Давлат

Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд.

Сарони шаш кишвари узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ПАД) рузи душанбе, 28 апрел дар пойтахти Тоҷикистон ба санади ниҳоӣ дар мавриди ба созмон табдил додани ин паймон имзо намуданд.

Ба назари аъзои ин паймони низомӣ, ҳадаф аз чунин иқдом он аст, ки ин Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ (САД) ба асоси қавонин ва усулҳои байналмилал метавонад, дар ҳалли қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳимтар ва дасти бозтаре дошта бошад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия далели таваҷҷуҳ ба масоили ҳамкорӣ ва ҳузури низомиро афзоиши хатароти фаромарзии гуруҳҳои терористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва фаъол шудани мафияи маводи мухаддир унвон кард. У гуфт, ахиран барои пурсамар гаштани фаъолияти Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва муайян намудани унсурҳои мушаххаси ин фаъолият тамоми талошро ба кор бурдем.

Владимир Путин дар бораи дастоварди ин нишаст гуфт:"Мо ниҳоят дар бораи ин усулҳои фаъолиятамон ба тавофуқ расидем. Таъсиси неруҳои вокуниши сареъ бо зермаҷмуаҳои мушахаси низомӣ, яъне неруи заминӣ ва ҳавоӣ, таъйини ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ, ҳамчунин ҳамоҳанг намудани мавқеи сиёсии кишварҳоямон аз ҷумлаи ин тавофуқот аст. Ин тавофуқот имкон медиҳад то ҳадафҳое, ки созмони амнияти муштарак дорад, иҷро шавад."

Владимир Путин дар мулоқоти рузи гузаштаи худ бо сарбозони лашкари 201-уми Русия дар Душанбе ба зарурати афзоиши теъдоди сарбозони русӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. У ин заруратро ба ду далел муҳим донистааст: яке афзоиши фаъолиятҳои ошкорои созмони Толибон дар Афғонистон ва дигаре ба хотири мунсаҷим ва комил сохтани пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар, ки қарор аст таъсис шавад.

Ба назари оқои Путин, ҳузури неруҳои Русия дар Тоҷикистон шарти муҳими амнияти минтақа мебошад. Оқои Путин мегуяд:" Мо дар ин бора назари муштарак дорем, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон омили муҳими амнияти минтақа ва марзҳои ҷанубии ҷомеаи муштаракулманофеъ мебошад."

Аммо кишвархои дигар, хусусан ҷумҳуриҳои кучактари узви ин созмон мисли Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон, аз ҳамкорӣ бо ин созмон умеди нисбатан дигартаре доранд. Роберт Кочариён, раиси ҷумҳурии Арманистон гуфт, ҳамкорӣ бо ин созмон имкон медиҳад, то нируҳои мусаллаҳи кишвараш аз ҳар лиҳоз бо васоили нисбатан модерни низомӣ таъмин шаванд.

Як ҳадафи дигари Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба назари бархе коршиносон, аз узвият дар ин созмон паноҳ бурдан аз ҳамсояхои нисбатан қудратмандашон аст.

Ҳатто Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дуввумин кишвари қудратманд дар миёни ҷамоҳири шуравии собиқ, низ узвият дар ин созмон ва ба ин тартиб баҳравар шудан аз воситаҳои низомии Русияро қонеъкунанда медонад. Оқои Назарбоев гуфт:"Фуруши аслиҳа миёни кишвархои узви созмон, ки ин силоҳҳо аслан дар Русия тавлид мешаванд, бар асоси шароити имтиёзӣ сурат мегирад. Ба асоси ҳамон гуна имтиёзе, ки неруҳои мусаллаҳи Русия дар харидории силоҳ доранд. Ин иқдом ҳамсилоҳии бародаронаро боис мешавад."

Назарбоев ҳамчунин гуфт, барномаҳои таълими низомии кишварҳои узви ин паймон низ муштарак ва ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Дар иҷлоси сарони кишварҳои узви ин созмон Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон раиси даврии Шурои Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG