Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни лизинги Тоҷикистон муаррифӣ шуд



Абдуқаюми Қаюмзод



Созмони байналмилалии молиявӣ зимни баргузории як назарсанҷӣ байни сад корхона ва ширкатҳои Тоҷикистон муайян намудааст, ки бештарини онҳо ниёз ба кумакҳои фанниву таҷҳизотӣ доранд.

Кристиан Гроссман, мудири Барномаи рушди бахши хусусии Созмони байналмилалии молиявӣ (СБМ), ки дар нишасти хабарӣ бахшида ба муаррифии Қонуни иҷораи молиявӣ ё лизинги Тоҷикистон суханронӣ мекард, қабули Қонун дар бораи иҷораи молиявӣ ё лизинги Тоҷикистонро иқдоми саривақтӣ ва дуруст хонд:"Ба ман маълум гардид, ки яке аз бонкҳо алакай чандин муомилоти лизингиро амалӣ карда ва бархе аз шабакаҳои иртиботӣ дар ин замина таҷҳизоти пешрафтаро низ дастрас намуданд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бозори лизинг дар Тоҷикистон барои оянда муфид ва боаҳамият аст."

Қонун дар бораи лизинг ва ё иҷораи молиявиро Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон қабул кард ва раиси ҷумҳур онро ба думбол ба тасвиб расонид.

Тафсилот дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG