Пайвандҳои дастрасӣ

Саргузашти лизинг дар Тоҷикистон



Абдуқаюми Қаюмзод

Қабули қонуни лизинг имконоти корхонаҳоро барои харидории таҷҳизоти навин бештар мекунад.

Созмони байналмилалии молиявӣ зимни баргузории як назарсанҷӣ байни сад корхона ва ширкатҳои Тоҷикистон муайян намудааст, ки бештарини онҳо ниёз ба кумакҳои фанниву таҷҳизотӣ доранд.

Кристиан Гроссман, мудири Барномаи рушди бахши хусусии Созмони байналмилалии молиявӣ (СБМ), ки дар нишасти хабарӣ бахшида ба муаррифии Қонуни иҷораи молиявӣ ё лизинги Тоҷикистон суханронӣ мекард, гуфт, корхонаҷоти мазкур мехоҳанд ҳадди аққал сад ҳазор доллари амрикоӣ барои таҷҳизоту технологияи мувофиқ дар бахши кишоварзӣ, саноати сабук ва нуқтаҳои савдо қарз бигиранд. Ҷаноби Гроссман гуфт, албатта, ин маблағи бузург нест, вале пешбурди тиҷорати хурд ва миёна барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки марҳалаи гузариш ба иқтисоди озодро тай мекунад, хеле муфид аст.

Оқои Гроссман қабули Қонун дар бораи иҷораи молиявӣ ё лизинги Тоҷикистонро иқдоми саривақтӣ ва дуруст хонд:"Ба ман маълум гардид, ки яке аз бонкҳо алакай чандин муомилоти лизингиро амалӣ карда ва бархе аз шабакаҳои иртиботӣ дар ин замина таҷҳизоти пешрафтаро низ дастрас намуданд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бозори лизинг дар Тоҷикистон барои оянда муфид ва боаҳамият аст."

Рейчел Фриман, ҳамоҳангсози Барномаҳои СБМ дар Осиёи Марказӣ, яке аз иштирокдорони ин нишасти хабарӣ, ки дар таҳияи матни Қонуни лизинги Тоҷикистон кумак намудааст, гуфт, қабули Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки аз тирамоҳи соли ҷорӣ Созмони байналмилалии молиявӣ ба ироаи кумакҳои амалӣ оғоз кунад. Хонум Фриман гуфт, бозори лизинг дар Тоҷикистон ҳануз дурусту пурра омухта нашудааст ва аксари онҳое, ки даст ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ мезананд, аз лизинг ва имконоти истифодаи он бехабаранд.

Хонум Фриман гуфт, ба манзури ошноии соҳибкорон ва тоҷироне, ки мехоҳанд аз имконоти лизинг бархурдор шаванд, Созмони байналмилалии молиявӣ ҳамроҳ бо дигар муассисоти молиявии байналмилалӣ семинарҳо доир хоҳанд намуд:"Ба роҳ андохтани фаъолиятҳои лизингӣ имконияти пайдоиши ҷойҳои нави корро, ки барои Тоҷикистон ниҳоят зарур аст, фароҳам хоҳад кард. СБМ як барномаи наверо ҳамроҳ бо 365 хоҷагии фермерии Тоҷикистон, воқеъ дар Хуҷанд, руйи даст гирифтааст. Ин як лоиҳаи комилан нав дар таърихи фаъолияти созмони мазкур мебошад. Ин барнома ҳадаф дорад барои хоҷагиҳои фермерии манотиқи куҳистон дар амри даст ёфтан ба таҷҳизоти нави кишоварзӣ мадад расонад."

Давлатмурод Ҷумъаев, сардори раёсати Оҷонсии давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон ва муаллифи Қонун дар бораи иҷораи молиявӣ гуфт, қонуни нав роҳро барои иштироки ширкатҳои лизингии дунё ва бонкҳои байналмилалӣ дар бозори лизинги Тоҷикистон ҳамвор мекунад.

У ҳамчунин афзуд:"Тибқи Кодекси граждании Тоҷикистон иҷрои лизинг маҳдуд буд. Аммо қонуни нав ҳар навъ шаклу шароитеро, ки лизинг ба амал меорад, мумкин сохта ва имкон медиҳад, ки тамоми корхонаҳои миёнаву хурд новобаста аз шакли моликият ба лизинг машғул шавад. Яъне дар ин ҷо фаъолиятҳои лизингӣ ё худ иҷораи молиявӣ мушаххас карда шуд. Вақте се аломат - лизингдиҳанда, фурушанда ва лизинггиранда дар ин ҷо бошад, он лизинг ном мегирад."

Қонун дар бораи лизинг ва ё иҷораи молиявиро Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон қабул кард ва раиси ҷумҳур онро ба думбол ба тасвиб расонид.

XS
SM
MD
LG