Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷиби дигари нигаронии оворагони тоҷик



Муҳаммадраҳими Сайдар

Адами созишномаи танзими муҳоҷират байни Тоҷикистону Русия ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия меафзояд.

Ба имзо нарасидани созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Душанбе муҷиби нигаронии оворагони тоҷик дар Маскав шудааст. Давлатмоҳ Алиқулова, яке аз бонувони муҳоҷири тоҷик мегуяд:

"Мо интизор доштем, ки дар давоми сафари Владмир Путин ба Тоҷикистон шартномае дар мавриди муҳоҷирон имзо хоҳад шуд. Муттаассифона, аз барномаҳои хабарӣ шунидем, ки ин созишнома дар Душанбе ба имзо нарасидааст."

Владимир Путин дар нахустин рузи боздиди худ дар Душанбе эълом дод, ки масъалаи муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русияро барои кишварҳои мо мушкили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир печида мекунад. Вай афзуд, Тоҷикистон амбори таҳвили маводи мухаддир барои Аврупо ва Русия ба шумор меравад.

Владимир Путин тавзеҳ кард, ки Русия аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хеле зарар мебинад ва ин нахустин сабаби нигаронӣ дар масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони тоҷик дар Русия шудааст.

Яке аз мушкилоти дигари мавҷуд дар ин заминаро Владимир Путин нокомилии қонунҳои худи Русия номид, вале ба зарурати дастёбӣ ба ҳалли масъала таъкид кард. Вай гуфт, ба тавофуқ расидан дар масъалаи муҳоҷирати корӣ ҳатмист.

Владимир Путин мегуяд: "Русия ва корхонаҳои Русия, ки дар онҳо дасти корӣ намерасад, ба коргарон, аз ҷумла ба онҳое, ки бо забони русӣ суҳбат мекунанд, манфиатдор аст. Муҳоҷирон дар ҳеҷ сурат набояд таҳқиру азият шаванд."

Дар остонаи боздиди оқои Путин аз Душанбе манбаъҳои марбутаи Кремлин бори аввал омореро нашр кард, ки бино бар он дар Русия ҳудудан аз 600 то 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебаранд ва дар Маскав дар садади онанд, ки масоили марбут ба ҳуқуқи онҳо танзим шавад.

Ҳамзамон намояндаи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эълом дода буд, ки созишномаи марбута омода ҳаст ва он дар ҷараёни боздиди Путин аз Душанбе ба имзо хоҳад расид, зерои ин санад бо иштироки як комиссияи босалоҳияти байниҳукуматӣ таҳия шудааст.

Намояндаи Думаи Давлатии Русия ва ҳамраиси ин комиссия Александр Беляков ҳангоми боздиди комиссия аз Душанбе як даҳруза қабл аз сафари Путин бо муҳим шуомридани вижагиҳои масъалаи муҳоҷирони тоҷик ба ожонсии "Азия Плюс" гуфта буд, ки корфармоён дар Русия барои ба кор гирифтани муҳоҷирони тоҷик зиёд алоқа доранд. Ба гуфтаи оқои Беляков, сабаби чунин таваҷҷуҳи корфармоён ба коргарони тоҷик ин аст, ки онҳо заҳматкашанд, ба қонуншинканӣ кам моил ҳастанд ва шаробхору базаҳкор нестанд.

Александр Беляков ҳамчунин хостори ташкили бунгоҳҳои вижаи кор бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки имзо нашудани созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷрои ин ормонҳоро то замони номаълум ба таъхир мегузорад.

Рузномаи "Коммерсант"-и чопи Маскав бо ишора ба он, ки Маскав Душанберо ғофилгир кард ва боздиди расмиро ба сафари корӣ табдил намуд ва дар ҷараёни боздиди Путин аз Душанбе ба ҷойи 20 санади пешбинишуда танҳо 2 санад ба имзо расид, менависад:"Метавон тасаввур кард, ба президенти Русия танҳо ҳамин лозим буд, ки дар остонаи дидорҳои худ бо нахуствазири Британия Тони Блэр рузи сешанбе дар Маскав намоиш бидиҳад, ки Осиёи Марказӣ дар ҷайби вай қарор дорад."

XS
SM
MD
LG