Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад



Мирзои Салимпур

Бонки Осиёии Рушд суст шудани мизони рушд дар аксари кишварҳои Осиёро пешбинӣ мекунад.

Бонки Осиёии Рушд мегуяд, бо вуҷуди таъсири манфии бемории САРС ба вазъи иқтисоди қораи Осиё суръати рушди иқтисоди 41 кишвари узви ин созмон дар соли ҷорӣ 5,3 дар садро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо 5,7 дар сади соли гузашта камтар аст.

Тибқи дурнамои иқтисодие, ки Бонки Осиёии Рушд барои соли 2003 нашр кардааст, суръати рушди иқтисоди миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ имсол коҳиш ёфта, дар сол танҳо ба 5,8 фоиз баробар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба ҳисоби миёна иқтисоди ин минтақа 7,7 дар сад афзоиш дошт.

Бонки Осиёӣ поён рафтани қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ, рушди ночизи тавлидоти нафт дар баъзеи ин кишварҳо, фақри баризофа дар бахши кишоварзии аксари кишварҳо ва ҳаводиси ғайриқобилипешбинӣ ба мисли офатҳои табииро аз омилҳое мешиносад, ки дар мизони рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ нақши муҳиме бозӣ хоҳанд кард.

Бонки Осиёӣ мегуяд, заъфи рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли равон аломати рушани осебпазирии иқтисоди ин минтақа аст, ки бар асоси тавлиди анвоъ ва шумори маҳдуди маҳсулот поягузорӣ шуда, аз кайфияти бозори ҷаҳонӣ сахт вобаста мебошад.

Гузориш меафзояд, беш аз ҳама заъфи рушди иқтисоди Узбакистон боиси ба чунин андоза коҳиш ёфтани мизони рушд дар тамоми минтақа хоҳад шуд. Бонки Осиёӣ рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилии Узбакистонро барои ду соли оянда дар ҳудуди 3,5 - 4 дар сад пешбинӣ мекунад, ки нишондиҳандаи камтарин дар минтақа маҳсуб мешавад.

Афзоиши маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2003 дар ҳудуди 7 дар сад интизор меравад, ки аз 5,8 дар сад мизони миёнаи рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ болотар, вале аз 9 дар сад рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар соли гузашта камтар аст.

Бонки Осиёии Рушд дар ин робита маҳдуд шудани сатҳи сармоягузориҳои ҷадид ба иқтисоди Тоҷикистон ва ба ниҳояти зарфияти худ расидани тавлидоти алюмин, умдатарин маҳсулоти содиротии ин кишварро далел овардааст.

Алюмин ва пахта ду маҳсулоти муҳими таркиби содироти Тоҷикистон буда, солона тақрибан 80 дар сади ҷамъи содироти Душанбе аз ҳисоби фуруши ҳамин ду маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ ба даст меояд.

XS
SM
MD
LG