Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Кирови Русия як тоҷик кушта шуд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Ҷасади Фаррухруз Ниёзов шаҳрванди тоҷиктабори Русия рузи 24 апрел ба Душанбе интиқол дода шуд. Холназар Ниёзов - бародари мақтул ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, додарашро шаби 20 ба 21 апрел ҳангоми бозгашт ба хонааш, скинхедҳои рус латукуб кардаанд. Фаррухруз Ниёзов аз захмҳои сангин дар бемористон ҷон додааст.

Мақомоти шаҳри Киров гуфтаанд, ки дар робита ба ин ҷиноят ду нафарро боздошт ва парвандаи ҷиноӣ низ боз кардаанд.

Ба иттиллои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, дар маҷмуъ тайи ҳафтаи гузашта аз Маскав ба Душанбе ҷасади чаҳор ҷавони тоҷик интиқол дода шудааст. Се нафар аз онҳо аз бемориҳои мухталиф ва як нафар аз дасти сартарошидаҳои рус ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG