Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони шаш кишвар ба Душанбе меоянд



Саид Сабоҳ



Дар маҷлиси сарони кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рузи душанбе, 28 апрел дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, дар бораи ба як созмони амнияти дастаҷамъӣ табдил додани ин паймон ва таъйини маркази он баҳс сурат мегирад.

Дар ин паймон ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд. Раҳбари дафтари Созмони Милал дар Душанбе Владимир Сотиров баён намуд, ки ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терорризм зарур мебошад ва ин маҷлис як қадами мусбат дар ин роҳ аст.

Ин паймон дар ҷаласаи соли 1992 дар Тошканд тартиб гардид ва дар он вақт ба ғайр аз кишварҳои номбурда Узбакистону Озарбойҷон ҳам узви паймон шуданд ва дертар Гурҷистон ба он пайваст. Вале дар соли 1994 Гурҷистон, Узбакистон ва Озарбойҷон аз он хориҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG