Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафҳои сафари Путин ба Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат

Ба бовари коршиносон, Русия бо анҷоми ин ҳама такопу, танҳо ба дунболи таҳкими мавзеъи низомӣ ва стротегии худ дар Тоҷикистон аст.

Коршиносони тоҷик сафарҳои мукаррари мақомоти Русия ба Тоҷикистонро чун талоше ҷиҳати ҳифзи нуфузи геополитикии Кремл дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Ба дунболи сафар ва мулоқоти ҳайатҳои мақомоти мухталифи Кремл ба Душанбе, акнун Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия низ рузи шанбе, 26 апрел зимни як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Аммо ҷонибҳо аз ин ҳама дидор ва мулоқотҳо чӣ интизоре доранд. Ба бовари коршиносони маҳаллӣ Русия бо анҷоми ин ҳама такопу, танҳо ба дунболи таҳкими мавзеи низомӣ ва стротегии худ дар Тоҷикистон аст ва мавзуи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон як баҳси дараҷаи дуввум барои мақомоти Русия маҳсуб мешавад.

Суҳроб Шарипов - кошиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ин замина мегуяд:"Асосан мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ ва ҳарбӣ-низомии Русия дар Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои асосӣ мешаванд, ки дар ин раванд бояд мавқеи қушунҳои Русия дар Тоҷикистон, яъне фирқаи 201-ум ва сарҳадбонони Русия дар Тоҷикистон муайян карда шавад. Масъалаи базаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон бояд ҳалли худро ёбад. Ин хеле проблемаҳои ҳалталаб мебошанд ва ба фикри ман бояд дар ин сафари президенти Русия ҳал шаванд."

Қобили ёдоварист, ки зимни сафари Путин ба Тоҷикистон ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки ҷаласаи Шурои Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ низ баргузор шавад. Маскав аз як соли пеш ба ин ҷониб дар талош буд, Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъро ба як созмони амнияти дастаҷамъӣ табдил диҳад. Созмоне, ки аз назари ҳуқуқи байналмилал дар ҳалли масоили минтақавӣ, назар ба паймони мавҷуда дасти бозтаре дошта бошад. Ва инчунин ба ин созмон кишварҳои дигаре ба ҷуз аз аъзои ҷомеаи муштаракулманофеъ метавонанд, ҳамроҳ шаванд.

Аммо Аслиддин Соҳибназаров - сиёсатмадори тоҷик ва муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон агарчанд муътақид аст, ки Русия дар воқеъ ба дунболи манофеи низомӣ дар Тоҷикистон мегардад, вале мегуяд, Тоҷикистон дар ин моваро бояд манофеъи худро огоҳона пайгирӣ намояд. Ба назари у равобити Тоҷикистон бо Русия аз ҳар нигоҳ гиреҳ хурдааст ва бештар садама дидани ин равобит ба зиёни Тоҷикистон анҷом мешавад.

У мегуяд:"Сафари Путин ба Душанбе бори дигар муайян кардани мавқеи Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Ҳамчунин Путин мехоҳад, мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба ин бифаҳмад. Мо аз Русия канорҷуӣ карда наметавонем ва Русия низ наметавонад аз Тоҷикистон канораҷуӣ кунад. Зиёда аз 1,5 миллион тоҷик дар Русия кор карда истодаанд. Ин масъала бояд баррасӣ шавад, зеро ин ҳам барои манфиатҳои иқтисодии Русия ва ҳам Тоҷикистон беҳтарин иқдом хоҳад буд.

Вале барои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир муҳимтар аз Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ масоили иқтисодӣ ва сармоягузорӣ маҳсуб мешавад. Фикри мақомоти Душанбе бештар шояд банди он аст, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз куҷо сармоя пайдо намоянд. Суҳроб Шарипов таҳлилгари тоҷик:"Барои ҳеҷ кас пушида нест, ки Тоҷикистон дар тули даҳсолаҳо он объектҳои иқтисодӣ дошт, ки Русия онҳоро ба истилоҳ "брон" карда буд. Имруз он марҳилае расидааст, ки ҳукумати Маскав бояд мавқеи худро дар ин масъала муайян кунад. Яъне агар манбаи молиявӣ дошта бошад, пас бояд барои бунёди ин иншоотҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд. Вале агар Русия қудрати молиявӣ надошта бошад, пас бояд бигуяд ки ин имконро надорад ва Тоҷикистон дар пайи ҷалби сармояи кишварҳои дигар шавад."

Аммо Рустам Ҳайдаров - коршиноси дигари тоҷик ба ин бовар аст, ки баъди таҳаввуллоти ахир дар саҳнаи сиёсии олам акнун Русия низ водор хоҳад шуд, то баробарҳуқуқии тамоми кишварҳои узви паймон, хусусан Тоҷикистонро эҳтиром гузорад, дар ғайри сурат имкон дорад, Русия он имтиёзеро низ ки дар минтақа дар ихтиёр дорад, аз даст диҳад:"Осиёи Марказӣ ин фазои ҳаётии Русия мебошад. Агар ин кишвар нуфузи худро дар ин ҷо аз даст диҳад, ин ба парокандашавӣ, ё ки барҳамхурии худи Русия оварда мерасонад. Ба андешаи ман дар Русия инро хуб дарк мекунанд ва баъди анҷоми ҷанги Ироқ ҳамкории давлатҳои муштаракулманофеъ вусъат мегирад ва барои Русия ҳаракат мекунад, аз сиёсати пешинаи худ, яъне сиёсати "бародари калонӣ" ва хурдагирона назар кардан ба кишварҳои минтақаро канор мегузорад. Ва шояд баъд аз ин ҳамкориҳои кишварҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ сурат мегирад".

Аммо ин эътирофи баробарҳуқуқӣ дар сиёсатҳои амалӣ чӣ гуна таҷассум меёбад, маълум нест ва ин корест вобаста ба оянда.

Аммо Владимир Путин баъди анҷоми ташрифоти расмии сафар аз неругоҳи барқи обии Норак дидан мекунад. Неругоҳҳои барқи обии нимсохта ва таҷдиди неругоҳҳои нимафаъол дар Тоҷикистон нукоти қалб ва ҳассоси ин кишвар аст. Ва Русия даҳ сол боз бо ин эҳсос бозӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG