Пайвандҳои дастрасӣ

Сел дар ноҳияи Ашт як занро кушт



Маъсуми Муҳаммадраҷаб



Шоми панҷшанбе, 24 апрел дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт воқеъ дар шимоли Тоҷикистон сел омад ва чанд хонаро хароб карда, як сокини ин ҷамоатро кушт.

Сокинони ин ҷамоат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, дар пайи боришоти шадид руди ин маҳал аз соҳилҳояш берун шуд ва чандин манзили истиқоматиро хароб кард.

Офати табиӣ ҳамчунин хати барқ ва чанд пули болои руди деҳаи Понғозро вайрон намудааст. Идораи вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт гуфт, дар маҷмуъ офатҳои табии ба ноҳия дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.

Корманди ситоди вазорати ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд Муҳаммад Хушенов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, вазъи дар руди Сиро ва обанбори Қайроқум хатарангез боқӣ мондааст. Сатҳи оби руди Сир ва обанбори Қайроқум ру ба болоравӣ доранд ва хатари рахна шудани саддҳо ва обанборро ба вуҷуд овардаанд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG